Олимон хатари асосии чойро муайян карданд

CC0 / Pixabay / Черный чай
Черный чай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Барои дӯстдорони чой ин хабар на он қадар хуш хоҳад буд, чуноне маълум шудааст, чой ба саломатии инсон хатар дорад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Доктори илмҳои тибб Михаил Гинзбург муайян кард, чойе, ки аксари мардум дӯст медоранд аз хавфи он огоҳ нестанд ва тасаввур ҳам намекунанд, ки он чӣ хатаре дар пай дорад.
Ба гуфти коршинос камбудии асосии чой дар ин аст, ки вай фишори хунро баланд мекунад. Гинзбург онҳоеро, ки ба кофеин ҳассосият доранд, аз нӯшидани чой ҳушдор дод.
"Мардум ба нӯшокиҳои дорои кофеин ҳар хел вокуниш мекунанд. Чой низ аз нӯшокии дорои кофеин аст. Дар таркиби он теин мавҷуд аст, ба монанди як намуди кофеини чой", - шарҳ дод диетолог.
Табиб дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Звезда" мушаххас кард, ки махсусан чойи талх метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
Тележка с продуктами в магазине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2019
Даҳ ғизо, ки инсонро ҷавон нигоҳ медорад
Гинзбург маслиҳат дод, ки чунин чойро умуман нанӯшанд.
Ба гуфти диетолог, кофеин фишори хунро тавассути танг кардани деворҳои зарф ва баланд бардоштани оҳанги онҳо меафзояд. Ҳамзамон, мутахассис таъкид кард, ки фишор на дар тамоми бадан афзоиш меёбад, "балки танҳо дар зарфҳои мағзи сар ё дар зарфҳои гурда", баланд мешавад.
Олимон муайян карданд, кадом нӯшокӣ умри одамро дароз мекунад
Қаблан Гинзбург дар бораи таъсири манфии чой ба меъда ҳарф зада буд. Вай гуфт, ки шарбати меъда аз нӯшидани чой зиёд мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала