Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Ақаллан ба сегона ворид мешавад: пешбинии ситораҳо аз шонси Манижа дар "Евровидение"

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Ба гуфтаи ситораҳои тоҷик, бурди асосии Манижа дар таронаи ӯст: ғайриоддӣ, бо чанд стил ва бо ду забон, русиву англисӣ
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ситораҳои тоҷик аз шонси Манижа Сангин дар озмуни байналмилалии "Евровидение" некбинанд. Ба ақидаи онҳо, таронаи ин зодаи Тоҷикистон, ки дар озмун Русияро намояндагӣ мекунад, ақалан ба сегонаи беҳтаринҳо шомил мешавад.
Пирӯзии мутлақро низ ҳунармандони тоҷик дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон истисно накарданд.
Беҳрӯз Зевров, продюсер ва овозхон мегӯяд, Манижа тамоми имкониятҳоро барои пирӯз шудан дорад.
Ба гуфтаи вай, тӯли даҳ сол аст, ки "Евровидение"-ро пайгирӣ мекунад ва мусиқии тоҷикдухтар ба озмун бисёр мувофиқ аст.
"Манижа шонс ба пирӯзӣ дорад. Ақалан ба сегонаи аввал шомил мешавад. Жанри Манижа бисёр ба ченаки "Евровидение" мувофиқ аст", - таъкид мекунад Зеваров.
Вай авзуд, таронаи "Russian Woman" ба оҳангҳое, ки пештар Нетта ва Ҷамала ба ин озмуни байналмилалӣ пешниҳод карда буданд, монанд аст.
Дар ҳамин ҳол, Беҳрӯз Зеваровро интиқодҳо аз сароянда ва таронааш дар Тоҷикистону Русия нороҳат кардаанд.
Ӯ мегӯяд, бояд таъкид кард, ки мусиқӣ сарҳад надорад ва меафзояд, ки барои ҳунарманд бисёр мушкил аст, вақте интиқоди ҷомеа нисбаташ зиёд мешавад.
Ҳамаро мешиканам: Манижа бори аввал аз ҳиссиёти худ барои Евровидение гуфт - видео
"Ман тасаввур карда наметавонам, ки агар ӯ ин вокунишҳоро пайгирӣ кунад, дар кадом ҳолат қарор мегирад. Аз тарафи дигар интиқод ба фоидаи Манижа анҷом меёбад", - хулоса мекунад Зеваров.
Таҳмина Ниёзова, ки таҷрибаи ширкат дар озмунҳои байналмилӣ, аз ҷумла дар давраҳои аввали  "Евровидение"-ро дорад, Манижа Сангинро овозхони на танҳо боистеъдод, балки тавоно меномад.
Ниёзова соли 2018 дар Белорус байни ҳунармандон барои ширкат дар "Евровидение" рақобат карда буд. Ӯ аз як давраи озмун гузаштаву дар давраи нимниҳоӣ интихоб нагардида буд.
Ниёзова мегӯяд, рақобат дар чунин озмуни сатҳи байналмилалӣ бисёр калон аст. 
"Ҳунарманд афзун бар истеъдод, бояд командаи худро дошта бошад. Дар озмуне ки ман ширкат карда будам, аз паси як овозхон нӯҳ нафар буданд. Овозхон бояд як рӯзноманигор, як менеджер, як продюсери худро дошта бошад. Кор дар даста сурат гирад. Он вақт метавон ба чизе ноил шуд", - таъкид мекунад ӯ.
Ниёзова низ қайд мекунад, ки "Аврупо навовариро дӯст медорад ва ин ба Манижа ва таронаи ғайрианъанавии ӯ як шонси дигар медиҳад". Ниёзова меафзояд, "кӣ медонад, шояд маҳз ҳамин пирӯз шавад".
"Дар таронае, ки Манижа пешниҳод кардааст, тамоми жарҳои мусиқӣ, аз рэп сар карда, то стили этникӣ дида мешавад. Ман боварӣ дорам, ки аз ин тарона мардуми Аврупо хуб истиқбол хоҳанд гирифт. Афзун бар ин, суруд бо ду забон аст, ки садо додани забони русӣ дар озмуне берун аз Русия як навгонӣ аст", - таъкид мекунад вай.
"Евровидение - 2022" дар Душанбе мешавад: вокунишҳои тоҷикистониён ба таронаи Манижа
Таҳмина Ниёзова низ баланд шудани интиқодҳоро аз таронаи "Зани рус" қайд мекунад. Ӯ мегӯяд, ритми мусиқӣ ягон мушкилӣ надорад. Манижа дар ин суруд пурра худро озод ҳис мекунад ва ба шунаванда расонида метавонад. Аммо ба гуфтаи вай, шояд бархеҳо ба маънои тарона, ки фалсафӣ аст, сарфаҳм нарафтаанд ва интиқодҳо бештар аз ҳамин ҷост.
"Сидқан мехоҳам, ки Манижа Сангин, як ҳамватани ман пирӯз шавад. Ӯ арзанда аст, зеро бисёр меҳнат кардааст", - меафзояд вай.
Ҷонибек Муродов, овозхони попи тоҷик, иштирокдори озмунҳои байналмилаӣ ба монанди "Юрмала" ва нафаре ки бо ҷомеаи мусиқии Русияву Аврупо ҳамкорӣ дорад, низ ба шонсҳои Манижа дар озмуни "Евровидение" хушбин аст. Ба қавли вай низ, маҳз навгониҳо дар суруди "Зани рус" ба пирӯзӣ мусоидат мекунад.
"Аврупоиҳо мардуми раҳмдиланд. Ба фикри ман чандтарафа бояд барор кунад, то ҳунарманд дар озмун пирӯз шавад. Муҳим тарона бояд барои аврупоиҳо шинос ва хит бошад. Аз тарафи дигар, иҷрои он дар озмун ва пешниҳоди ҷолиб метавонад сарнавиштсоз шавад", - таъкид мекунад ӯ. 
Ӯ озмуни "Евровидение"-ро сиёсӣ меномад ва мегӯяд пирӯзӣ дар он як қатор омилҳои беруна низ таъсир мерасонанд.
Юлия Савичева: Манижа тамоми имкони пирӯз шудан дар Евровидение-2021-ро дорад
Ёдрас мешавем, "Russian" Woman"- и Манижа Сангин ҳамагӣ як рӯз пеш дар канали "Евровидение" нашр шуд ва то имрӯз аллакай ҳудуди 900 ҳазор кас аз он тамошо кардаанд, 47 ҳазор кас писандидаанд ва 22 ҳазор кас зери он шарҳ навиштаанд. Корбарони сайти "Евровидение" қайд карданд, ки ин тарона аз Русия барояшон як чизи нав аст ва писанд омад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала