Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҳамаро мешиканам: Манижа бори аввал аз ҳиссиёти худ барои Евровидение гуфт - видео

© Sputnik Стас ЭтвешКонцерт Манижи в Москве
Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Манижа Сангин пас аз вокунишҳои шадиде, ки аз ҳар тараф болояш рехт, рӯҳияи худро барои иштирок дар озмуни байналмилалии Евровидение шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 11 мар - Sputnik. Сароянда Манижа дар барномаи "Вечерний Ургант"-и Шабакаи аввал гуфт, ки чӣ гуна Русияро дар Евровидение 2021 муаррифӣ мекунад.
Кадр из выступления Манижи на Евровидении 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
"Евровидение - 2022" дар Душанбе мешавад: вокунишҳои тоҷикистониён ба таронаи Манижа
Бо вуҷуди он ки консерти сароянда як рӯз пеш дар Маскав баргузор шуду хаста ба назар мерасид, аммо ҳанӯз ҳам бо табъи хуш пас аз мавҷи интиқодҳое, ки дар рӯзҳои охир болояш рехт, хеле шӯхӣ кард.
"Ман хабари хуш дорам. Ниҳоят, аксарияти мардум Манижа гуфтанро омӯхтанд, акнун онҳо "Маниша" намегӯянд. Ин воқеан муҳим аст. Ин мушкилот буд", - қайд кард сароянда.
Ӯ ҳамзамон гуфт,  суруде, ки ба Евровидение 2021 мебарад, чигуна навишта шудааст. Маълум шуд, ки матн ва мусиқӣ дар тӯли сафари соли гузаштааш ба Тел-Авив дар як шабонарӯз иншо шудааст.
Иосиф Пригожин дар бораи Манижа: ӯ бо забони модари ман, форсӣ ҳарф мезанад
Вай инчунин эътироф кард, ки то ба наздикӣ ӯ ба имкони ба озмун расидан бовар надошт ва вақте ба овоздиҳии умумиҷумҳуриявӣ афзоиши рақамҳоро дар тахтаи нишондиҳандаҳо медид, ба чашмони худ бовар намекард.
"Ман озмунҳоро бад мебинам", - гуфт тоҷикдухтари муқими Русия бо шӯхӣ ва барандаи барнома Иван Ургант бо ишора қайд кард, ки ин "кайфияти хеле хуб" аст.
Певица Юлия Савичева  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Юлия Савичева: Манижа тамоми имкони пирӯз шудан дар Евровидение-2021-ро дорад
Аммо, сароянда дар бораи кайфияти худ ба таври ҷиддӣ сухан ронда, қайд кард, ки дар ҳаёти ӯ аллакай озмунҳои мухталиф баргузор шуда буданд ва аз ин рӯ, бо вуҷуди ҳама чиз барои ӯ бегона нест.
"Ман танҳо ҳамаро пора мекунам, ҳама чизро дуруст мекунам", - Манижа иштироки худро дар Евровидение-2021 чунин баҳо дод.
Ҳамзамон, муштариёни шабакаи Youtube зуд дар зери видео шарҳҳои худро гузоштанд, ки аксари онҳо ба таври мусбат буданд.
"Манижа духтари бисёр хуб будааст! То ба ҳол, ман ҳатто дар бораи вай нашунидаам",- навиштааст яке аз тамошобинон.
Хело боистеъдод: ҷонибдории Филипп Киркоров аз Манижа дар Евровидение-2021
Дигарӣ қайд кардааст, ки "суруд ва худи Манижа хело олӣ аст".
"Ба Манижа танҳо муваффақият мехоҳам, танҳо ба пеш!", -навиштааст, марди дигар.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала