Ронанда ба ақиб нигоҳ накард: Рустами 5-сола зери чархи мошин ҳалок шуд

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар се садамаи маргбор дар ҳудуди ҷумҳурӣ се нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо як нафараш ноболиғи 5-сола будааст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, муаяйн кардааст, ки чанде пеш ронандаи автомашинаи тамғаи "Хонда-Старекс" Мирзоев Иззатуллои 40 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ як ноболиғро пахш намудааст, ки дар нитиҷа кӯдаки панҷ сола ба ҳалокат расидааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Садамаи маргбор: Муқимҷон аз уҳдаи идораи мошин набаромаду пирамарди 80-соларо пахш кард
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохила, ронанда ҳангоми аз хонаи истиқоматиаш ҳай карда баромадан, ба қафои автомашина нигоҳ накарда, ноболиғ Мирзоев Рустам Илҳомиддинович, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар натиҷа ноболиғ, Мирзоев Рустам дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин ВУД-и Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 9-уми марти соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Сервес", Исматов Усмонхоҷа, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Айнӣ-Панҷакент", дар мавзеи "Ёвон"-и ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "РАФ-4", таҳти идораи ронанда, Рофиев Ҷамшед, сокини шаҳри Панҷакент, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи "РАФ-4", Шарифов Рустами 39 - сола, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Автомобиль после ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Садамаи маргбори майор Султонов дар Варзоб: се ҷавон ҳалок шуданд
Ҳамзамон санаи 10-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Худойназаров Маҳмадюнус, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Восеъ-Ховалинг", дар ҳудуди деҳаи Дороби ҷамоати деҳоти Ҷомбахт қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба нишебии 2-метр чаппа шудааст.
ВУД таъкид доштааст, ки дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур, Иброҳимова Гулдастаи 55 - сола ва Фароғати Қамариддини 26 - сола, сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои ВУД-и Тоҷикистон худи ронанда Худойназаров Маҳмадюнус ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ зикр кардааст, дар айни замон кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала