Марди олмонӣ ба хотири "Спутника V" ба Русия омад ва зиндагии Маскав ӯро ба ҳайрат овард

© Министерство связи и информации Венесуэлы / Гузариш ба медиабонкВакцинация от российской вакцины "Спутник V"
Вакцинация от российской вакцины Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Обуна шудан
Хориҷиён беш аз пеш эълом медоранд: Русия дар замони пандемияи коронавирус ба таври назаррас дар заминаи кишварҳои дигар муваффақ шуд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Як корманди суғуртаи Олмон Штефан Хайлеман ба Маскав ба хотири эм шудан аз коронавирус бо "Спутник V" парвоз кард.
Ба гуфтаи Хайлеман, барои қабул кардани қароре дар мавриди ваксина, ӯ ҳар яке аз онҳоро омӯхт.
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Коршинос гуфт чаро роҳбари Оҷонсии дорувории Аврупо ваксина "Спутник V"-ро “сиёҳ” кард
"Ман бештар ваксинаҳои векториро қабул дорам, ба ваксинҳои асосашон аз mRNA он қадар боварӣ надорам. Барои ҳамин ман ба хулоса омадам, ки аз "Спутник V" истифода мекунам", - таъкид кард вай.
Якҷо бо Хайлеман ба  Маскав ҳамсар ва фарзандонаш сафар карданд. Онҳо дар яке аз шифохонаҳои Маскав ваксин гирифтанд.
Марди олмонӣ қайд кард, ки пас аз тазриқи аввал, ӯ аз сабаби баланд шудани ҳарорати бадан худро суст ҳис кард. Ин посухи стандартии бадан ба ваксинаи коронавирус мебошад. Рӯзи дигар, чизе мардро нороҳат намекард.
Ғайр аз он, ин шаҳрванди хориҷӣ таъкид кард, ки аз ҳаёти Маскав ба тааҷҷуб омад. Хайлеман гуфт, ки Русия дар давраи пандемия нисбат ба Олмон хеле беҳтар зиндагӣ мекунад.
"Ҳама дӯконҳо ва тарабхонаҳо бозанд, мо озод ин тарафу он тараф мерафтем",- гуфт Ҳайлеман.
Вай таъкид мекунад, ки Русия дар мубориза бо пандемия бо роҳи худ меравад. Ҳоло дар кишвар, ҳаёти иҷтимоӣ тақрибан номаҳдуд аст, маҳдудият вуҷуд надорад ва шумораи гирифторон аз оғози соли 2021 ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд
Қаблан, операторҳои туристии Италия дар бораи ташкили сайёҳатҳои "зиддиковидӣ" ба Русия хабар доданд, ки дар доираи он шаҳрвандони дигар кишварҳо на танҳо ҷойҳои ҷолиби Федератсияи Русияро мебинанд, балки инчунин бар зидди коронавируси "Спутник V" эм карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0