Ғорати корхонаи “Мурғпарварӣ” дар Леваканд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудники птицефабрики, архивное фото
Сотрудники птицефабрики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷаи дуздии дастгоҳҳои корхонаи “Мурғпарварӣ”-и шаҳри Леваканд ба ин корхона 27 ҳазор сомонӣ зарари молӣ расонида шудааст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik.  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошту ду ҷавон хабар дод, ки дар дуздии чанд дастгоҳи корхонаи “Мурғпарварӣ” дар Леваканд гумонбар дониста мешаванд.  
Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран ба ШВКД дар шаҳри Левакант ҷавони 26-солаи сокини шаҳри мазкур шикоят бурдааст, ки дар ҷойи кораш ҶДММ “Мурғпарварӣ”-и шаҳри Леваканд санаи 2-юми декабри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи мурғпарварии мазкур даромада, аз он ҷо 6-адад дастгоҳро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Ҷавоне, ки шаби Соли нав шишаи 13 мошинро шикаста дуздӣ кард, боздошт шуд - акс
Номбурда қайд кардааст, ки зарари расонидашуда 27 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан, дар асоси шикояти муроҷиаткунанда, кормандони милитсия ҷавонони 26 ва 24-сола, сокинони ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакантро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур боздошт намуданд.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки зани 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Назарови ноҳияи Шаҳритус ба ШВКД ноҳияи муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18-уми феврали соли равон, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Галекси А-50”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
"Аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Назарови ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд”, - қайд кард манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ВУД-и Тоҷикистон қайд карданд, ки аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала