Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешДавлат Худоназаров советский, таджикский режиссер, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)
Давлат Худоназаров советский, таджикский режиссер, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Обуна шудан
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ, коргардони барҷаставу сенариянавис ва Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон Давлат Худоназаров аз роҳёбии тоҷикдухтар Манижа ба озмуни Евровидение-2021 истиқболи гарм кардааст
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Давлат Худоназаров дар суҳбат бо "Комсомолская правда" гуфтааст, ки дар бораи роҳёбии Манижа ба Евровидение як рӯз пас аз ғолибияташ огоҳ шуд ва ҳамчун як тоҷик аз ин зиёд хушҳол аст.
 "Ман ҳамчун як тоҷик аз ин ифтихор мекунам. Аммо сурудҳои ӯро нашунидаам. Ҳамчун шаҳрванди Русия ифтихор мекунам, ки ҳамватани ман аз ҷониби русҳо эътироф шудааст",- гуфтааст коргардон.
Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки одатан, ба чунин озмунҳо шавқ надорад, аммо ҳоло ба Манижа мухлисӣ хоҳад кард.
Ба гуфти ӯ ҳама тоҷикон тамошову ҷонибдорӣ мекунанд. 
Manizha. Вечерний Ургант. 10.03.2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Озмунҳоро бад мебинам": мусоҳибаи Манижа дар барномаи "Вечерний Ургант" - видео
Қаблан продюссери шинохта Табриз Шаҳидӣ ва фарзанди оҳангсози машҳур Толиб Шаҳидӣ низ бо истиқбол аз Манижа гуфта буд, ифтихор мекунад, ки Русияро ҳамватанаш намояндагӣ мекунад.
Ӯ гуфтааст, Манижа кайҳост сазовори ба сатҳи нав баромадан аст ва мутмаин аст, ки пас аз иштироки Манижа дар Евровидение-2021, новобаста аз он ки вай дар ин озмун чӣ гуна ҷойро ишғол мекунад, ҳаққи пардохти консертҳои ӯ ҳатман афзоиш хоҳад ёфт.
Суруди Манижа Russian Woman ба сегонаи маъруфтарин дар Евровидение роҳ ёфт
Номбурда гуфтааст, ки баҳо додан ҳатто ба имкониятҳои пешакии ғалабаи эҳтимолии ҳунарманд беҳуда аст ва ин аслан лозим нест.
Ёдовар мешавем, ки Манижа дар даври интихоби миллии Eurovision-2021 ғолиб омад. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҳунарманди зодаи Тоҷикистон ду номзади дигар - дуэти "2Маши" ва гурӯҳи Терр Мейтзро аз майдон "берун" кард.
Юлия Савичева: Манижа тамоми имкони пирӯз шудан дар Евровидение-2021-ро дорад
Овозхон дар озмуни байналмилалӣ дар Роттердам бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0