Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

"Маснавии маънавӣ" дар Тошканд нашр шуд

CC0 / Pixabay / Книга, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Нашри тарҷумаи дафтари аввали "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро муҳаққиқону ҳаводорони каломи бедеъ чун падидаи бузурги адабӣ эътироф намудаанд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Тошканд "Маснавии маънавӣ" нашр шуд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои кишвар.
Дар нашриёти "Ойдин"-и шаҳри Тошканд  бо саъю талоши шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дафтари аввали "Маснавии маънавӣ"-и Ҷалолуддини Балхӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид, ки 4003 байтро дар бар мегирад.
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2019
Нашри китоби шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар Тошканд
Муҳаррири масъул Олимҷон Давлатов ва муҳаррир Ойдиниссо Юлдошева дар табъу нашри ин асари арзишманд саҳми босазо гузоштаанд.
Шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дар таҳкими робитаҳои илмию адабӣ ва муаррифии осори адибони тоҷик дар байни алоқамандони илму адаби кишвари ҳамсояамон –Ӯзбекистон   саҳми муассир дошта, қаблан "Тазкираи адибони муосири тоҷик"-ро бо забони ӯзбекӣ таҳия ва нашр намуд.
Нашри тарҷумаи дафтари аввали "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро муҳаққиқону ҳаводорони каломи бедеъ  чун падидаи бузурги адабӣ эътироф намудаанд.
Парлумони Ӯзбекистон таъйини як тоҷик ба мақоми вазириро тасдиқ кард
Мавриди зикр аст, ки  "Маснавии маънавӣ"-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон солҳои 1925—1937 аз забони форсӣ ба забони англисӣ гардонидааст, ки аз 25 632 байт иборат мебошад.
"Маснавии Маънавӣ" аз шаш  дафтар иборат аст, чунончи: Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундариҷаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ аз ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом иборат аст.
 
 
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала