Дар Тоҷикистон IT PARK таъсис дода мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Душанбе
Вид на город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Обуна шудан
Ин масъала дар нишасти махсуси маҷозӣ, ки дар Душанбе бо ширкати намояндагони бахши давлатӣ, хусусӣ ва коршиносон доир гардид баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар оянда бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои  хориҷӣ дар кишвар IT PARK —  боғҳои  фановариҳои нави итилоотӣ таъсис диҳад.
Начало строительства стадиона на 30 тысяч посадочных мест в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Президент санги асоси боғро гузошту чор сол аст, ки сохтмони он оғоз намешавад
Таҷрибаи кишварҳои АруОсиё дар заминаи эҷоди боғҳои фановариҳои  нави иттилотӣ дар нишасти махсуси маҷозӣ, ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони бахши давлатӣ, хусусӣ ва коршиносон доир гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки Вазорати  саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ширкати консалтингии "StrategEast" аз созмондиҳандагони нишасти маҷозӣ буданд.
Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ  Фарҳод Билолзода  дар нишасти мазкур  зикр кард, ки ташкили паркҳои фановариҳои нави иттилоотӣ барои рушду пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ муҳим мебошад.
"Аксар кишварҳои АруОсиё, аз ҷумла, давлатҳои Ӯзбекистон,  Гурҷистон, Молдова, Украина, Белорус  дар самти таъсиси паркҳои технологии инноватсионӣ пешсаф  ва муваффақ гардидаанд",-афзуд Билолзода.
Зикр шуд, ки  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тасмим гирифтааст дар Тоҷикистон заминаҳои таъсиси  боғҳои фановариҳои навро бо истифода аз  таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ фароҳам орад.
Глава Комитета по архитектуре и строительству Махмадсаид Зувайдзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Зувайдзода гуфт, Боғи Истиқлолро кӣ ва аз кадом ҳисоб месозад
Дар ин росто,  таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, назири   Ӯзбекистон,  Гурҷистон, Молдова, Украина, Белорус  мавриди истифода қарор дода мешавад.
Манбаъ афзуда, ки коршиносон дар ҷараёни нишасти маҷозӣ андеша ва пешниҳоду таҷрибаҳои худро дар мавриди  омилҳои муҳим, чун зерсохтор, рақобат, технология ва чорчӯбаҳои қонунӣ, ки  дар ҷараёни таъсиси  боғҳои фановариҳои нав ба инобат гирифта мешаванд, манзур намуданд.
Онҳо таҷрибаҳои худро муаррифӣ сохта, пешниҳодҳои муфид баён доштанд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо шарикони рушд, бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар оянда ҷиҳати таъсиси паркҳои фановариҳои муосири иттилотӣ  ҳамкории судманд ба роҳ  мемонад.
Лентаи хабарҳо
0