“АИ – 92 нест”: бензин даҳҳо вагон ворид шуд, аммо арзон намешавад

Автозаправка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Ронандагоне, ки мошинҳояшон бо бензин кор мекунад, мегӯянд, маҷбуранд бензини навъи 95 – ро бо нархи гаронтар харидорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Ду рӯзи ахир нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар баробари қимати бензини АИ – 92 рақами сифрро менависанд. Ин на ба маънои бепул, балки набудани худи ин навъи бензин аст.
Дар тоблуҳои нархи ҳудуди 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар масири роҳи Гардиши фурудгоҳ то маҳаллаи 191, мавсум ба километри 9 – уми шаҳри Душанбе, қимати бензини навъи АИ – 92 бо чор адади сифр (0) ишора шудааст ва фақат дар нуқтаи савдое дар охири ин масир қимати он 8 сомониву 10 дирам нишон дода шудааст.
бензин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
10 сомонӣ барои як литр бензин: Тоҷикистон ба камбуди маводи сӯхт рӯбарӯ шуд
Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон як фурӯшанда дар нуқтаи сӯзишворие ба номи “Муҳаммадӣ” гуфт, ду рӯз аст, ки ба ҷуз газ дигар намуди сӯзишворӣ – бензинҳои навъи 92 – ву 95 ва ҳам дизелиро намефурӯшанд.
“Ширкатҳое, ки ба мо ин сӯзишвориҳоро медоданд, худ онҳоро надоранд. Мегӯянд, воридот нест”, - гуфт ӯ.
Ронандагоне, ки мошинҳояшон бо бензин кор мекунад, мегӯянд, маҷбуранд бензини навъи 95 – ро бо нархи гаронтар харидорӣ кунанд.
“Ҳамин ҳам, ду рӯзи пеш 8 сомониву 20 дирам буд, ҳоло 8 – у 40”, - гуфт яке аз онҳо.

Кулли явмин бадтар

Sputnik Тоҷикистон 5 март зимни як матлаби таҳлилӣ дар такя ба додаҳои расмӣ гузориш дода буд, ки то 10 март қимати бензини навъи 92 ба 8,1 ва 31 март – 9 сомонӣ хоҳад расид. Аммо бино ба гузоришҳо, дар бархе нуқоти музофотии кишвар ҳоло нархи бензин ба 9 то 10 сомонӣ расидааст, ки қаблан пешбинӣ намешуд.
Як манбаъи огоҳ аз масъала ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамин рӯзу пагоҳ дар умум 31 вагон бензини навъҳои 92 – ву 95 ва 21 вагон сӯзишвории дизелӣ ворид мешавад.
Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон
“Бензине, ки имрӯз вориди бозор шуда, ба 8 сомониву 10 дирам фурӯхта мешавад, ҳанӯз аввали моҳи март даромада буд. Вагонҳое, ки нав ворид мешаванд, мутаассифона, қимати сӯзишвориро коҳиш намедиҳанд, баръакс, гаронтар то 8 сомониву 50 дирам тамом мешаванд”, - гуфт ин манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои воридкунандаи нафт низ ба мушкилот мувоҷеҳ шудаанд. Захира надоранд, агар қимат фурӯшанд, бозорро номуътадил мекунанд, ки хилофи қонун аст. Ширкатҳои хурд батамом аз кор монда, ширкатҳои бузургтар ба чолишҳои мухталифи бозорӣ рӯбарӯ шудаанд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, “Газпромнефт Тоҷикистон”, бузургтарин бозигари бозори сӯзишвории Тоҷикистон, фурӯши яклухти бензинро ба чаканафурӯшон қатъ кардааст. Як манбаъи огоҳ гуфт, ин ширкат барои таъмини нуқтаҳои фурӯӯши сӯзишворие, ки худ дорад, дучори мушкил шудааст.
“Аз сӯи дигар, аз зовияи воридоти бештар ҳам хавф дорад, ки зиён хоҳад дид. Тасаввур кунед, ки сӯзишвориро ба нархи қимат ворид кунад ҳам, дафъаи дигар боз қиматтар ворид хоҳад кард. Суду зиёнро намешавад пешбинӣ кард. Ҳам дар бозори хориҷӣ ва ҳам дохилӣ эътидол нест”, - гуфт ин манбаъ.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 20 ширкати воридкунандаи бензин ва ба ҳамин теъдод ширкати воридкунандаи сӯзишвории дизелӣ фаъолият доранд, ки бузургтаринашон “Газпромнефт Тоҷикистон” 37,27% - и бензин ва 41,7% - и дизели бозорро таъмин мекунад.
Сотрудники милиции в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
“Бензини қирғизӣ”: Қирғизистон ба марзҳои Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардааст
Ширкатҳои “Сеганҷ” – 11,14%, “Эмом импорт – экспорт” – 7,59%, “Ангишти Айнӣ” – 5,17%, “Ғайрат – 82” – 4,78%, “Соро компания” -4,37%, “Шарипов Ё” – 4,17% ва бақия аз 3 то 0,60% - и бензини Тоҷикистонро ворид менамоянд.
Дар воридоти сӯзишвории дизелӣ пас аз “Газпромнефт Тоҷикистон“ саҳми бештарро ширкати “Сеганҷ” ва Агентии давлатии захираҳои модии назди ҳукумати Тоҷикистон доранд, ки мутаносибан 8,64% ва 3,70% - и бозорро таъмин мекунанд.

Чӣ бояд кард?

Қазоқистон ва Қирғизистон, ки мутаносибан 15,24% ва 2,02% - и воридоти маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба онҳо рост меояд, содиротро қатъ кардаанд, бузургтарин воридкунанда - Русия (78,43%) низ худ ба мушкилоти ҳамсон мувоҷеҳ гаштааст.
Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз як литр бензини навъи 92 дар худи шаҳри Маскав 6,82 сомонӣ, 95 – 7,66 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ – 7,54 сомонӣ нарх дорад.
Заправка автомобиля на АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Ба Тоҷикистон дар соли гузашта 234 ҳазор тонна бензин ворид шуд
Таҳлилгарон мегӯянд, ин ба он маъност, ки партия ё воридоти ҷадиде, ки дар оянда хоҳад шуд, қиматтар аз он хоҳад уфтод, ки ин дафъа меафтад. 
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар навбати аввал ҳукумат метавонад бархе сарбориҳое, ки бар нархҳо гузошта мешавад, метавонад бардорад.
“Аз ҷумла, барасмиятдарории гумрукӣ, арзиши аксиз ва ғайрар, ки тақрибан 10% - и нархро ташкил медиҳанд, метавонад қадам ба қадам бардорад. Дар навбати дуюм, андози арзиши изофаро, ки низ атрофи 10% - и нарх ҳаст, метавон бардошт. Ин ба буҷа зарба мезанад, аммо як роҳи раҳоӣ аст. Дар навбати охир метавонад ба захираҳои давлатӣ даст занад. Чаро дар охир? Аз нигоҳи ман, вазъи ҳозира пешбининашаванда аст ва захира муҳимтар аз пул аст”, - гуфт коршинос.
Оё дар соли 2021 нархи бензин боло меравад? посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ
Бо ин ҳам, ин коршинос бар он аст, ки то ташдиди буҳрон як роҳи ҳалли дигаре пайдо шавад, роҳе, ки фақат мӯъҷиза хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала