Санаи баргузории Қаҳрамонии Тоҷикистон - 2021 маълум шуд

© Sputnik / Виталий ТимкивМяч в руках вратаря в финале Лиги Европы УЕФА сезона 2020/2021
Мяч в руках вратаря в финале Лиги Европы УЕФА сезона 2020/2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Дар шаҳри Гулистон қуръакашии тақвими қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Рақобатҳои Лигаи олӣ дар Тоҷикистон аз 4 апрели соли ҷорӣ оғоз мешаванд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Футбольный клуб Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?
Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон даа шаҳри Гулистон қуръакашии тақвими қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, чемпионати имсола дар се давр баргузор мешавад ва ҳар як даста бояд 27 бозӣ анҷом диҳад.
Бар асоси натиҷаи қуръакашӣ, дар даври якум  дастаҳои "Кӯктош"- "Имтиқлол", "Истаравшан" - "Равшан", "Файзканд" - КМВА, "Эсхата" - "Хатлон" ва "Хуҷанд" - "Душанбе - 83" миёни ҳам бозӣ хоҳанд кард.
Тибқи низомнома, дастаҳои лигаи олӣ, ки имсол дар ҷадвали ҷойҳои нӯҳум ва даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2022 ба лигаи аввал хоҳанд рафт. Ғолиб ва барандаи медали нуқраи лигаи якум-2021 ҳуқуқи иштирок дар соли ояндаи Лигаи олиро пайдо мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала