Ҷавоҳироту 20 ҳазор доллари занро гирифту хона нахарид: пулис қаллобро боздошт кард

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / A man with a blue shirt holds dollars in his handsДоллары в руках
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Ба доми сокини 35 - солаи пойтахт якбора ду нафар афтоданд. Ба яке бар ивази хона харидан 20 ҳазор доллар ва ҷавоҳироти тиллоро аз худ карду аз нафари дигар 95 ҳазор сомонӣ гирифту ғайб зад
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Марди 35 - сола, сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба дасти кормандони пулис афтодааст.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохила, номбурда дар ду ҳолат ба қаллобӣ даст зада, ба ду сокини шаҳри Душанбе зарари калон расондааст.
Мужчина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Барои рафтан ба Латвия раводид мекунам гуфт: боздошти сокини пойтахт барои қаллобӣ
Аз ҷумла, ӯ рӯзи 23 июни соли 2018 ба як зани 45 - сола ваъда додааст, ки аз бинои навсотмони кӯчаи Меҳнат хонаи 1 - ҳуҷрагӣ харида медиҳад. Бар ивази харид кардани хона, 20 ҳазор доллар ва ҳамчунин миқдори муайяни ҷавоҳироти ин занро гирифта ғайб задааст.
Зимнан, зани 45 - сола ба ШВУД дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ аз болои нафари фандкардаи ӯ шикоят бурд, ки дар натиҷа ӯ боздошт шуд.
Кормандони пулис муайян намуданд, ки сокини 35 - сола, ҳамчунин дар фиреби як ҳамшаҳрии дигари худ муттаҳам дониста мешавад.
Ӯ аз сокини 30 - солаи пойтахт, моҳи сентябри соли гузашта автомашинаи "Тайота - Кемри" гирифт. Соҳиби мошин, ҳарчанд худравашро 110 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда буд, аммо аз ин маблағ танҳо 15 ҳазор сомонӣ гирифту халос.
Боздошти ду нафар бо гумони қаллобӣ: давоми панҷ моҳ ду нафарро фиреб доданд
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон панрвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала