Мусодираи беш аз як кило тилло дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон

© Sputnik / Борис Бабанов / Гузариш ба медиабонкЗолотые слитки
Золотые слитки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Обуна шудан
Дар постгоҳи гумрукии сарҳадии "Дӯстлик" аз бағоҷи ду шаҳрванди Қирғизистон ба маблағи беш аз 85 ҳазор доллар тилло пайдо кардаанд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон беш аз як кило сабиқаи тилло мусодира шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон.
Қайд карда мешавад, ки арзиши умумии тиллои мусодирашуда 880 миллион сум (қариб 85 ҳазор доллар) мебошад.
Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2020
Зариф Назирӣ: 17 гузаргоҳ бо Қирғизистон баста ва барои назорати марз камераҳо насб шуд
Тибқи иттилои хадамоти матбуот, дар бағоҷи ду шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Қирғизистон меомаданд, ҳангоми тафтиши бағочи онҳо сабиқаи металӣ пайдо карданд.
"Ҳангоми ташхиси муфассал муайян карда шуд, ки инҳо сабиқаи тиллоӣ мебошанд, ки вазни ҳар кадомашон панҷ грамм, вазни умумии онҳо 1,1 кило аст", - омадааст дар иттилоияи кумита дар вебсайти худ.
Кумитаи гумрук шарҳ дод, ки санҷиши ин далел идома дорад.
Тибқи қонунгузории Ӯзбекистон, шаҳрвандон метавонанд бидуни супоридани аксиз то панҷ адад ҷавоҳирот ва металлҳои қиматбаҳо бо вазни умумии на бештар аз 65 грамм ба кишвар ворид кунанд. Дар ин ҳолат, зарур аст, ки дар декларатсияи гумрукӣ инъикос карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0