Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Times: Олмон ваксинаи "Спутник V"-и Русияро эътироф кард

Вакцина Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
"Спутник V" метавонад аз дигар ваксинаҳои аврупоӣ самараноктар бошад, мегӯянд дар Олмон
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Олмон эътироф карданд, ки ваксинаи "Спутник V"-и Русия метавонад аз ваксинаи аврупоӣ самаранок бошад, хабар медиҳад нашрияи The Times.
"Мисли AstraZeneca сухан дар бораи ваксинаи асосаш аз аденовирус меравад. Аммо дар муқоиса бо AstraZeneca, дар "Спутник-V" ду вектори гуногуни вирус барои вояҳи аввалу дувум истифода мешавад", - гуфтааст роҳбари кумитаи доимии эмгузаронии назди Ҳукумати Олмон Томас Мертенс.
Ӯ самараноки  "Спутника V"-ро эътироф кардаву ҳамчунин ёдрас шудааст, ки ваксинаи русӣ сироятёбӣ аз коронавирусро то 90 дар сад метавонад пешгирӣ кунад. 
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Коршинос гуфт чаро роҳбари Оҷонсии дорувории Аврупо ваксина "Спутник V"-ро “сиёҳ” кард
Ба гуфтаи вай, дар ҳоле ки дар ваксина ду вектори гуногун барои вояҳои аввал ва дувум истифода мешавад, ин метавлонад, эҳтимоли аз даст додани самаранокиро аз ҳисоби посухи иммунитетии организм, пешгирӣ кунад. 
Мертенс изҳори умедворӣ кардааст, ки ба ваксинаи русӣ дар Иттиҳоди Аврупо иҷозат медиҳанд. Ӯ таъкид кардааст, ки олимони рус дар таҳияи ваксина таҷрибаи хуб доранд.
Ёдрас мешавем, феълан "Спутник V" дар Агентии аврупоӣ оид ба доруворӣ ЕМА аз таҳлил мегузарад.
Агар ташкилот ваксинаро ба тасвиб расонад, онро метавонанд дар тамоми кишварҳои Аврупо истифода кунанд.
Маҳдудиятҳои нав дар Бразилия ва афзоиши таваҷҷуҳ ба ваксинаи "Спутник V"
Пештар "Спутник V" дар раддабандии ваксинаҳои  COVID-19 дар ҷаҳон аз рӯи шӯҳрат дувум шуда буд. Аз он барои эмкунии сартосарӣ дар 45 кишвар истифода мекунанд. Ҷои авалро ваксинаи англо-шведии AstraZeneca ва севумро Pfizer гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала