Путин ва Эрдуғон ба бунёди сеюмин НБА "Аккую" - и Туркия оғоз бахшиданд - навор

Обуна шудан
Кишвардорони Русия ва Туркия, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба сохтмони савумин Неругоҳи барқӣ - атомии "Аккую" оғоз бахшиданд
Неругоҳи барқӣ - атомии "Аккую" дар шаҳри Мерсини Туркия сохта мешавад. Чанде қабл роҳбарони Русия ва Туркия ба сохтмони воҳиди энергетикии № 3 оғоз бахшиданд.
Путин ва Эрдуғон аз дафтари кории худ дар фазои маҷозӣ ба раванди сохтмони ин неругоҳ оғоз бахшиданд.
"Татбиқи бомуваффақияти ин, бидуни муболиға, лоиҳаи барҷастаи на танҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика ба сатҳи баландсифат мерасонад, балки дар маҷмӯъ, ба шарикии гуногунҷабҳаи Русия ва Туркияро минбаъд низ мусоидат хоҳад кард", - гуфт президенти Русия Владимир Путин.
Зимнан, кишвардори Туркия Раҷаб Эрдуғон қайд кард, ки ҳоло кишвар тамоми имконотро барои рушди энержии ҳастаӣ истифода мебарад.
Лоиҳаи нахустин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Туркия соли 2010 оғоз ёфта буд. Он аз чор агрегати энергетикӣ иборат буда, реакторҳои VVER-1200 ба кор дароварда мешаванд.
Дурнамои мониторинги Русия ва Туркия дар Қаробоғ чигуна аст
Ҳамчунин сохтмони воҳиди энергетикии "Росатом" соли 2018 шурӯъ кард. Қарор аст ИБА- и "Аккую" бо иқтидори пуррааш кор кунад ва то 10 дарсади эҳтиёҷоти Туркияро бо нерӯи барқ ​​таъмин карда тавонад.
Ҳамаи чаҳор энергоблоки нерӯгоҳи ҳастаӣ, тибқи нақшаҳо, соли 2026 ба кор медароянд.
Лентаи хабарҳо
0