Грозин: Ҷабборов ба дастгирии Раҳмон ниёз дорад

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузаштан ба хазинаи аксЗаведующий отделом Средней Азии и Казахстана Института стран СНГ Андрей Грозин
Заведующий отделом Средней Азии и Казахстана Института стран СНГ Андрей Грозин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Президенти нави Қирғизистон Содир Ҷабборов ба дастгирии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ниёз дорад, мегӯяд Андрей Грозин, мудири шӯъбаи Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Содир Ҷабборов, ки чанде пеш ба ҳайси президенти Қирғизистон ба кор шурӯъ кард, сафари худро ба кишварҳои мухталиф идома медиҳад.
Аввалин сафари расмии ӯ ҳамчун сарвари давлат ба Русия сурат гирифт. Дар Маскав вай бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард. Сипас Ҷабборов ба Қазоқистон рафт ва ҳоло бо сафари дурӯза дар Ӯзбекистон қарор дорад.
 Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Содир Ҷабборов ба Ӯзбекистон сафар кард
Андрей Грозин, мудири шӯъбаи Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ гуфтааст, сафарҳо ба дигар давлатҳо ва гуфтугӯҳо бо раҳбарони хориҷӣ барои сарвари Қирғизистон барои дастгирии ҳадди аксар заруранд.
"Интизор шудан мумкин аст, ки Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон шарикӣ бо Қирғизистонро дар заминаи комилан нав ва баланд, новобаста аз он тарсу ҳаросе, ки пас аз тағйири "бераҳмона"-и қудрат дар моҳи октябри соли 2020 ба вуқӯъ омадааст, тавсеа медиҳанд", - гуфт коршинос.
Ҳамзамон, Ҷаббаров интизори ҳамкории наздик бо Тоҷикистон мебошад.
"Имрӯз мо мебинем, ки нооромии сиёсӣ, ки дар Қирғизистон дар охири соли 2020 буд, ба марҳилаи ба эътидол омад", - гуфт Грозин дар мусоҳиба бо Sputnik Ӯзбекистон.
Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад
Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз маълум нест, ки дар Қирғизистон баъди 5-10 сол чӣ мешавад.
Вай таъкид кард, ки дар ин робита ҳоло барои Ҷабборов мушкил аст.
"Президенти Қирғизистон ба дастгирии Владимир Путин, Қасим-Жомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев сахт умед мебандад. Аён аст, ки ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов низ умед мебандад", -  гуфт Грозин.
Ҷабборов кишвардори Русияро ба Қирғизистон хонд
Коршинос чунин мешуморад, ки Ҷабборов инчунин метавонад ба Туркия, Брюссел ва Вашингтон сафар кунад ва истгоҳи навбатии президенти Қирғизистон Чин хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала