Созмони ҷаҳонии беҳдошт мавқеъяшро дар бораи AstraZeneca гуфт

© AFP / INDRANIL MUKHERJEEВакцина от коронавируса
Вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳоло дурустии тромбоз шудани нафароне, ки бо ваксини AstraZeneca эм шудаанд, дақиқ мекунад
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Ин ташкилот тавсия медиҳад, ки эмгузаронӣ тавассути ваксини AstraZeneca бояд идома ёбад. Дар ҳоле, ки аксар кишварҳои ИА бинобар тромбоз шудани эмгирифтаҳо аз истифодаи он даст кашиданд.
Аммо Маргарет Харрис котиби СҶБ мегӯяд ҳоло таҳқиқот дар мавриди тромбоз шудани одамон пас аз гирифтани ваксини мазкур идома дорад.
"Мавқеи Комиссияи агентии тиббии Аврупо оид ба назорат ва баҳодиҳии хавфҳо аз он иборат аст, ки фоиданокии ин ваксин нисбат ба хавфи он зиёдтар аст", - изҳор доштааст Харрис.
Харрис хотиррасон кард, ки Дания, Исландия ва Норвегия истифодаи ваксинаи AstraZeneca-ро барои эҳтиёт қатъ карданд. Ғайр аз он, сухан дар бораи бастаҳои алоҳидаи дору меравад.
Гуфта мешавад, феълан мутахассисон ҳамаҷониба сабаби тромбоз шудани одамонро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва маълум нест, ки омили он маҳз ваксинаи AstraZeneca аст ё хайр.
Аврупо аз AstraZeneca рӯ мегардонад: дар Тоҷикистон бо ин ваксин эмкунӣ шурӯъ мешавад
Сухангӯи СҶБ мегӯяд,  рӯзи 9 март ҳудуди 268 милион вояи ин ваксин тақсим шуд ва то ҳол ягон давлат аз мавориди фавт бар асари эмгузаронӣ эълон накардааст.
Аммо бояд таъкид намуд, ки кишварҳое чун, Австрия, Эстония, Литва, Люксембург, Латвия, Дания, Норвегия, Исландия аз ин ваксин рӯ гардонданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала