Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасти сирояти коронавирус дар ИДМ аввал шуд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМолодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе
Молодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Бино бар додаҳои Кумитаи омори ИДМ, дар Тоҷикистон сатҳи пасти сироятшавӣ аз коронавирус байни кишварҳои иттиҳод ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи шумораи ками гирифторшавӣ ба коронавирус аввал шуд, хабар медиҳад Кумитаи омори Иттиҳод.
Ампулы с вакциной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Тоҷикистон интизори воридоти беш аз ним миллион ваксинаи коронавирус дар моҳи май аст
"Байни кишварҳое, ки аҳолиашон аз коронавирус камтар сироят ёфтаанд, Тоҷикистон ҷои аввалро гирифт. Ҷои дувум Ӯзбекистон ва севумро Қазоқистон соҳиб шуданд. Шумораи зиёди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Арманистон, Молдова ва Украина ба қайд гирифта шудааст", - гуфта мешавад дар хабар.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон аз авалҳои январ ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Бино бар омори ахир, дар кишвар 13 308 нафар аз COVID-19 сироят ёфта, 13 208 кас аз он шифо ёфтаанд. 90 кас қурбони коронавирус шуданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои СУТ, дар саросари ҷаҳон то имрӯз 114,6 миллион нафар гирифтори коронавирус шуда, 2,5 миллион аз он фавтидаанд. 
Бовар накунанд омада бинанд: Абдуллозода гуфт, Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст
Дар кишварҳои ИДМ 6,7 миллион ҳолати коронавирус тасдиқ ёфта, шумораи ҳалокшудагон аз ин вирус ба 100 ҳазор расидааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳолатҳои марг дар Иттиҳод дар соли 2020 ба 15 дар сад афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала