Дар Душанбе барномаи тандурустии Аврупо дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд

© Минздрав РТМуаррифии барномаи тандурустии Аврупо дар Душанбе
Муаррифии барномаи тандурустии Аврупо дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Обуна шудан
Ахиран дар Душанбе барномаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  муаррифии барномаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.
Европу накрывает третья волна коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аврупо дар пешорӯи мавҷи саввуми коронавирус қарор дорад - навор
Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ зимни муаррифии ин барномаи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ Тоҷикистон аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо шарикони рушд дар самти баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар кишвар ёдовар шуда иброз дошт, ки барномаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 идомаи ҳамкориҳои мутақбилан судманди вазорат бо ин ниҳод мебошад.
“Ҳадафи барномаи мазкур кӯмак расонидан ба фарогирии ҳамаҷонибаи тандурустӣ дар Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушди соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2010-2030 ба шумор меравад”, - таъид додааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки барномаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва  Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ (GIZ) дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Гуфта шудааст, ки барномаи мазкур се самт: Тақвияти идоракунии соҳаи тандурустӣ ва механизмҳои маблағгузорӣ бо таваҷҷӯҳ ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, баланд бардоштани дастрасии сифати маҷмӯи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, назорати самараноки системаи пешгирии бемориҳои сироятӣ дар тамоми системаи расонидани кӯмаки тиббӣ, аз ҷумла вокуниш ба  буҳрони бемории COVID-19-ро дарбар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0