Оғози имтиҳонсупории довталабони тоҷик барои таҳсили ройгон дар Русия - акс

© SputnikИмтиҳонсупории довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар шаҳри Хуҷанд
Имтиҳонсупории довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Дар шаҳри Хуҷанд, имтиҳонсупории довталабони таҳсили буҷавӣ дар донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия оғоз шуд, ки ду рӯз давом хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Маъракаи имтиҳонсупории довталабон бо ибтикори намояндагии "Россотрудничество" дар бинои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рӯзҳои 13 ва 14 уми март дар Хуҷанд доир мегардад.
В Москве вручили премии лучшим таджикским студентам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
Дар Маскав ба беҳтарин донишҷӯёни тоҷик ҷоиза доданд
Қодирзода Диловар, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон, ки дар оғози маъракаи имтиҳонсупорӣ дар Хуҷанд иштирок дошт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи стратегӣ бо кишвари Русия, соҳаи маориф дар мадди аввал қарор дорад.
“Бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия шумораи бурсияҳо ё квотаи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои Тоҷикистон зиёд шуда истодааст. Барои соли хониши 2021-2022, 630 квота ихтисос дода шудааст”, - гуфт муовини вазири маориф.
Қодирзода таъкид кард, ки таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ба рушди ҷаҳонбинии донишҷӯёни тоҷик мусоидат мекунад. Ӯ гуфт, кишвари Тоҷикистон низ дар навбати худ 50 квота барои донишомӯзон ва муаллимони Русия ҷудо намудааст.
Иван Иванов, роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон қайд намуд, ки дар баробари Хуҷанд, маъракаи имтиҳонсупорӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб доир мегардад.
“Ҷараёни имтиҳонсупорӣ дар се марҳила сурат гирифта, довталабон баъди комёб шудан аз санҷиши хаттиву тестии забони русӣ ва аз рӯи ихтисоси интихобнамудаи худ, шонси даъват шудан ба мулоқоти ру ба рӯ бо масъулини донишгоҳҳоро пайдо намуда, аз ин тариқ роҳхати таҳсили буҷавӣ дар Русияро дарёфт мекунанд”, - гуфт роҳбари намояндагии “Россотрудничество”.
Ӯ афзуд, пештар аз Хуҷанд маъракаи қабули довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия, рӯзи 11 март дар шаҳри Хоруғ доир шудааст.
Ректор Московского государственного университета имени М. В. Ломоносова Виктор Садовничий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2021
Садовничий гуфт, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар давраи ҳамагирӣ кам нашудааст
 “Онҳое, ки донишу саводи амиқ доранд, шонси дарёфти квотаи таҳсили ройгон ба донишгоҳҳои Русияро доранд”, - гуфт Иванов.
Далер Ҷумъаев, яке аз хатмкунандаҳои мактаб дар ноҳияи Спитамен, изҳор дошт, ки мехоҳад ба донишгоҳи шаҳри Маскав аз рӯи ихтисоси меъмор дохил шавад.
“Имрӯз барои имтиҳонсупорӣ омадем. Насиб бошад дар Русия таҳсил намуда, соҳиби ихтисос шуда, барои рушди сохтмон дар кишвар фаъолият хоҳем кард”, - гуфт Ҷумъаев.
Меҳроҷ Шамсиев аз хонандаҳои синфи 11, ки барои имтиҳонсупорӣ аз шаҳри Истаравшан омадааст, зикр намуд, ки мехоҳад дар Русия таҳсил намуда, пизишк шавад.
Волидони бархе аз довталабони таҳсил дар Русия изҳор доштанд, ки сифати таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар беҳтар аст ва аз ҳамин лиҳоз мехоҳанд фарзандонашон дар он ҷо таҳсил кунанд.
“Духтарам Ҳабиба мехоҳад дар Русия таҳсил намуда, дондонпизишк шавад. Дар Русия ба сифати таълим бештар аҳамият медиҳанд. Фарзандам орзу дорад, ки вижагиҳои ин соҳаро хуб аз бар намуда, дар кишвар фаъолият намояд”, - изҳор дошт модари Ҳабиба, яке аз довталабони таҳсил дар Русия.
Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар макотиби олии Русия беш аз 24 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора ҳудуди 8000 донишҷӯ аз вилояти Суғд гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала