Қарори нави раиси вилояти Хатлон: ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров таъсис ёфт

© Sputnik / Стас ЭтвешПодпись документов, архивное фото
Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Бо қарори навбатии раиси вилояти Хатлон барои олимону мунаққидон ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров таъсис ёфт. Ҷоизаи адабӣ ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷик супурда мешавад
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон қарори Қурбон Ҳакимзода, дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ (барои олимону мунаққидон) ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров таъсис ёфта, ба барандаи он диплом ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.
Журналист, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2019
Қарори раиси Суғд барои таҷлили Рӯзи матбуот ва эълони озмун миёни рӯзноманигорон
“Ҷоизаи адабӣ ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷик, якҷо бо озмуни вилоятии эҷодии “Неруи сухан” ва ҷоизаи ба номи Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин супурда мешавад”, - таъкид дошт манбаъ. 
Гуфта шудааст, ки тибқи низомнома, барои дарёфти ҷоизаҳо муаллифи алоҳида ё гурӯҳи муаллифон довталаб шуда метавонанд. 
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки Раёсати иттифоқҳои эҷодӣ, шӯроҳои бадеӣ ва илмии донишкадаву донишгоҳ, муассисаҳои илмӣ, идораи маҷаллаву рӯзномаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят ҳуқуқ доранд, ки барои дарёфти ҷоиза асарҳои арзандаро баъди эълони озмун ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.
“Асарҳое, ки ба ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров пешниҳод мегарданд, бояд арзиши баланди илмӣ дошта бошанд. Ба пажӯҳишҳои илмӣ ва нақди адабие, ки оид ба осори адибони Хатлонзамин анҷом ёфтаанд, афзалият дода мешавад”, таъкид доштааст манбаъ. 
Зикр шудааст, ки ҳамон асарҳое мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ки дар нашриётҳои ҷумҳурӣ ба табъ расида, аз вақти нашри онҳо на зиёда аз се сол гузашта бошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала