Шоҳмотбози тоҷик Амонатов ғолиби мусобиқа дар шаҳри Санкт-Петербург шуд

Таджикский гроссмейстер Амонатов выиграл блицтурнир в Петербурге
Таджикский гроссмейстер Амонатов выиграл блицтурнир в Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Фаррух Амонатов бо дарёфти 10 имтиёз дар мусобиқаи шоҳмот, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, ғолиб шуд
ДУШАНБЕ, 13 март - Sputnik. Фаррух Амонатов, шоҳмотбоз аз Тоҷикистон, дар як мусобиқа дар шаҳри Санкт-Петербург ширкат варзид.
Мусобиқа барои дарёфти ҷоизаҳои нашрияи "Вечерний Санкт-Петербург" ба хотири ёдбуди Валентин Семёнов баргузор шуд.
Министр МВД играет шахматы с воспитанниками клуба Динамо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2020
Шоҳмотбозии Рамазон Раҳимзода бо ҷавондухтар: кӣ пирӯз шуд?
Ин мусобиқа дар соли равон аввалин сабқате буд, ки имсол баъд аз паҳншавии вируси корона ба таври оф-лайн сурат гирифт.
Умуман, шоҳмотбозон 11 давр бозӣ карданд.
Фаррух Амонатов бо дарёфти 10 (аз 11 хол) хол дар ин мусобиқаҳо аввалин шуд.
"Нисбат ба муши компютери шоҳмотҳои ростиро ба даст гирифтан бисёр хуб аст. Бо ниқоб бозӣ кардан каме ғайримуқаррарӣ буд, аммо ман одат кардам ва дар мусобиқа ғолиб шудам", - гуфт Амонатов.
Фаррух Амонатов қаҳрамони Тоҷикистон (2006), инчунин ғолиби мусобиқаҳои бузург, ба монанди Moscow-Open, "Vladimir-Open" мебошад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ӯ борҳо дар олимпиадаҳои шоҳмот ширкат варзидааст. Аз соли 2002 шоҳмотбози сатҳи байналмилалӣ аст. Вай ҳамчунин дар Русия мураббӣ аст.
Фаррух Амонатов, дар ҳоли ҳозир, ягона шоҳмотбозӣ сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон аст. Фаррух аз шашсолагӣ шоҳмотбозиро оғоз кард, мураббии аввалини ӯ Вячеслав Ким буд. Соли 1995 Амонатов мактаби миёнаи рақами 20-и шаҳри Душанберо хатм кард ва сипас ба Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Маскавро хатм кардааст. Қаҳрамони Осиё байни наврасон буд (соли 1992). Ҳоло ӯ дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала