Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ 1,4 миллиард доллар ҷудо хоҳад кард

Электростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Ба рӯйхати лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ҳоло амалӣ карда мешаванд, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо, инчунин таҷдиди НБО ва зеристгоҳҳоро шомил иешаванд
ДУШАНБЕ, 13 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика амалӣ мегардад.
Қайд карда мешавад, ки ҳаҷми умумии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 16,4 миллиард сомонӣ (1,4 миллиард доллар)- ро ташкил медиҳад.
Усмонали Усмонзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2019
Вазири энергетика 4 ҳадафи стратегии соҳа то соли 2030-ро баён кард
"Лоиҳаҳо бунёди иншооти нав ва таҷдиди иншооти мавҷудаи энергетикиро дар бар мегиранд", - менависад  хабаргузории "Авеста" бо истинод ба мақомоти дахлдори кишвар.
Ҳамин тариқ, ба рӯйхати лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ, хатҳои интиқоли барқ ​​ва зеристгоҳҳо, инчунин таҷдиди нерӯгоҳҳо ва зеристгоҳҳо шомил шудаанд.
Аз ҷумла, барои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Сарбанд ва Қайроққум ва инчунин лоиҳаи CASA-1000 11,3 миллиард сомонӣ (9,7 миллиард доллар) ҷудо карда шудааст.
Вазири энергетика: Дар Тоҷикистон 90 нерӯгоҳ аз кор мондааст
Қарор аст, ки ин маблағҳо барои сохтмони хатти интиқоли барқи 500 киловолтӣ ва як зеристгоҳ равона шаванд. Инчунин, алакай сохтмони нерӯгоҳи барқӣ обии Себзор дар минтақаи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала