Жола ва борону барф меборад: обуҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik Игорь ЛекаркинЛивень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года
Ливень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва дар баландкӯҳҳо барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бино бар иттилои Маркази обуҳавошиносӣ, имрӯз  дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Ҳаво шабона  9+11 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
Цветение деревьев в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Бӯи баҳор: Душанбе дар иҳотаи гулҳои зебо - акс
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр боридани барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ  боришот бошиддат борида, боридани жола аз эҳтимол дур нест.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 8+13 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда,  дар ғарби вилоят  борон ва барф меборад.  Дар шарқи вилоят бориши сусти барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2  дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, нимаи дуюми рӯз борон меборад Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ-кӯҳӣ борон борида, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала