9500 сомонӣ пора – барои озодӣ аз хизмати ҳарбӣ

Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои озод кардани наздиконашон аз хизмати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ба мақомдорон пул медиҳанд. Ахиран дар кишвар расман ба ивази пул хизмати ҳарбӣ дар ҳайати эҳтиётӣ тасдиқ шуд
ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз парвандаи ҷиноӣ алайҳи Рамазон Саидзода, мақомдори низомӣ хабар додааст.
Таджикские солдаты на построении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Президент фармони даъвати баҳорӣ ба аскариро имзо кард
Ба иттилои Ожонс, Саидзода барои озод кардани як ҷавон аз хизмат 9,5 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
“Саидзода Рамазон дар вазифаи ёрдамчии калони зершуъбаи 2-уми Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Алибоев А. барои аз хизмати харбӣ озод намудани бародараш-Алибоев О. бо роҳи қаллобӣ маблағи 9500 сомонӣ талаб карда гирифтааст”, - омадааст дар иттилоияи Ожонс.
Манбаъ таъкид кард, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Саидзода барои қаллобӣ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Назари бевоситаи Саидзода ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Додани пул барои раҳоӣ аз хизмати ҳарбӣ дар ҳолест, ки ахиран дар Тоҷикистон хизмати пулакӣ қонунӣ шуд. Шаҳрвандон метавонанд бо пардохти маблағ дар як моҳ дар ҳайати эҳтиётӣ хизмат кунанд.
Ҳаҷми маблағ барои хизмати якмоҳа дар ҳайати эҳтиётӣ то ҳол эълон нашудааст, аммо миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн гардиданд, ки эҳтимол ин нишондод 25 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.
Ҳаҷми пул барои хизмат дар ҳайати эҳтиётиро Ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад ва интизор меравад, ки то охири моҳи равон ҳаҷми он расман эълон карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала