Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ба қафаси синааш ду корд зад: ҳалокати ҷавони 22-сола дар пайи як муноқиша

© © Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷҷикистон аз боздошти як ҷавони 28 сола хабар доданд, ки дар қатли як ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ гумонбар дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД-и Тоҷикистон номбурда дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуд.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2021
Кордкашӣ дар бозори Исфара: ҷавони 27 -сола падару писарро захмӣ кард
Гуфта шудааст, ки марди 28-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда,11-уми марти соли 2021, тахминан соати 20:20-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиашон бо ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки мазкур муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати қафаси синааш мезанад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, - таъкид доштааст ВУД-и Тоҷикистон.
Кордкашӣ: ВКД ҳодисаи мудҳиши шаби соли навро гуфт
Зикр шудааст, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия тафтишоти ин ҳодисаро идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала