Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Аз раводиди ягона то таъсиси марказҳои тақсими маҳсулот: мулоқоти Ибодзода дар Қазоқистон

Склад с товарами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ҳамкориҳои минтақавиро бо Қазоқистон дар соҳаҳои тиҷорат, сайёҳӣ ва маориф афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 13 мар - Sputnik. Рушди ҳамкориҳои минтақавии ду кишварро раиси вилояти Ҷамбули Қазоқистон Бердибек Сапарбоев ва сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят.
Самолет авиакомпании Somon air. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Қазоқистон эълон шуд
Хайрулло Ибодзода, ки бори аввал аз вилояти Ҷамбул боздид кард, хостааст дар бораи имкониятҳои минтақа маълумоти бештар гирад. 
Ба гуфтаи Бердибек Сапарбоев, вилоят дар соҳаи зироаткорӣ ва чорводорӣ зарфиятҳои азим дорад. Инчунин, мақомоти минтақавӣ ба рушди истеҳсоли нуриҳои минералӣ шурӯъ карданд.
"Қазоқистон ва Тоҷикистон кишварҳои осиёӣ мебошанд, ки муштаракоти зиё доранд. Манфиатҳои тарафайн вуҷуд доранд. Ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт - кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ имконпазир ва зарур аст", - гуфт Сапарбоев.
Хайрулло Ибодзода дар навбати худ қайд кард, ки Тоҷикистон мехоҳад ҷавононро барои таҳсил ба донишгоҳҳои Қазоқистон, аз ҷумла дар Тараз фиристад.
Эҳтимол меравад, ки гази моеъ низ дар Тоҷикистон гарон шавад
Ғайр аз ин, ҷониби Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ба ифтитоҳи ду маркази тақсими яклухти маҳсулот дар Қазоқистон мусоидат кунад. Сафир пешниҳод кард, ки яке аз онҳо дар вилояти Ҷамбул кушода шавад.
Ҷонибҳо инчунин дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ карданд. Сафири Тоҷикистон аз идеяи таҳияи раводиди ягона барои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, то сайёҳон туфайли як раводид тавонанд аз чанд кишвари минтақа боздид кунанд.
Феълан гардиши солонаи мол миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ба 910 миллион доллар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала