Даргузашти собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс Марвин Хаглер

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкЦветы у посольства Бельгии в Москве
Цветы у посольства Бельгии в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Обуна шудан
Собиқ қаҳраомни ҷаҳон оид ба муштзанӣ дар вазни миёна, Марвин Хаглер дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вафот кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Марвин Хаглер собиқ қаҳраомни ҷаҳон оид ба бокс дар вазни миёна, дар синни 66 - солагӣ аз олам даргузашт, хабар медиҳад TMZ бо такя ба изҳороти завҷаи марҳум дар Facebook.
Комментатор Юрий Розанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Даргузашти шореҳи машҳури варзишӣ Юрий Розанов
Тибқи иттилои манбаъ, муштзан рӯзи шанбе дар Ню-Шэмпшир аз олам чашм пӯшид.
Ба гуфти писараш, марҳум пеш аз марг аз дард дар қафаси сина ва нафастангӣ шикоят кардааст.
Сабаби аниқи даргузашти Хаглер ҳоло маълум нест. Ҳамсари муштзан изҳор доштааст, ки ӯ ногаҳонӣ дунёро падруд гуфт.
Марвин Хаглер аз соли 1980 то 1987 унвони қаҳрамони ҷаҳони дар вазни миёнаро дошт.
Даргузашти ҳунарманде, ки дар филми "Санта Барбара" нақши Сисиро бозид
Соли 1993, варзишгар ба Толори шӯҳрати байналмилалии бокс дохил карда шуд. Ҳаглер инчунин дар якчанд филмҳои итолиёӣ нақш офаридааст.
Лентаи хабарҳо
0