"Истиқлол" барои ширкат дар Лигаи чемпионҳо AFC-2021 ба Арабистони Саудӣ меравад

Команда Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Обуна шудан
Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 мунтахаби Тоҷикистон шаш бозӣ хоҳад кард. "Истиқлол" нахустин бозиашро 15 апрел муқобили чемпиони АМА – клуби "Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай" анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 дар гурӯҳи "А" бо ширкати чемпиони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол"-и Душанбе – дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Таджикский футболист Шахром Самиев сделал хет-трик за молдавскую команду: видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Се голи футболбози тоҷик дастаи Молдоваро ба пирӯзӣ расонд- видео
"Истиқлол" дар як гурӯҳ бо дастаҳои "Ал-Ҳилол" (Арабистони Саудӣ), "Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай" (АМА) ва ғолиби ҷуфти "Ал-Ғарафа" (Қатар) – АГМК (Узбекистон) дар плей-офф бозӣ мекунад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 чемпиони Тоҷикистон шаш бозӣ хоҳад кард. «Истиқлол» аввалин дидорашро дар марҳилаи гурӯҳӣ 15 апрел муқобили чемпиони АМА – клуби «Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай» анҷом медиҳад.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 дар минтақаи Ғарб ба таври муттамарказ аз 14 то 30 апрел, дар минтақаи Шарқ бошад, аз 21 апрел то 7 май сурат мегирад.
Супориши Аҳмадзода ба раҳбарияти шаҳри Истаравшан барои дастгирии футболбозон
Тибқи низомнома, бо натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони 5 гурӯҳ дар ҳар ду минтақа, ҳамчунин седастаӣ аз ҳар минтақа, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва нишондоди хуб доранд, ба марҳилаи 1/8-финалӣ роҳхат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0