Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

"Ришу мӯйлаб монад": Кортнев гуфт Манижа бояд дар саҳна "чӣ гуна" бошад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксМузыкант, актер, солист и лидер группы "Несчастный случай" Алексей Кортнев
Музыкант, актер, солист и лидер группы Несчастный случай Алексей Кортнев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Дар посух ба изҳороти Кумитаи фарҳанги Думаи давлатӣ дар бораи консервативӣ будани суруди Манижа барои Eurovision-2021, навозандаи маъруф якчанд роҳи муосиртар кардани саҳнаро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мусиқачӣ, ҳунарманд, солист ва раҳбари гурӯҳи "Несчатный случаи" (Ҳодисаи нохуш) Алексей Кортнев дар мусоҳиба бо шабакаи НСН, ҳунарнамоии Манижа Сангинро арзёбӣ кард.
Сарояндаи русиягӣ аз он щайрон буд, ки раҳбари кумитаи фарҳанги Думаи Давлатии Русия Елена Ямполская, ки худ намояндаи барыастаи консерватизм ҳаст ва бо ҳама гуна навгониҳои муосир мубориза мебарад, суруди Russian woman - ро беҳад консервативӣ хонд.
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
Кортнев ба таври тамасхуромез гуфт, ки чӣ гуна мешавад ҳунарнамоии Манижаро замонавӣ кард.
"Масалан, Манижа метавонад ришу мӯйлаб часпонад, костюмашро рӯшантар бо буриш аз қафо оро диҳад", -  шӯхӣ кард раҳбари гурӯҳ.
Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши суруди Манижа Сангин "Зани рус" рӯзи 8 март дар эфири Шабакаи аввал баргузор шуд.
Ва рӯзи дигар, он мавзӯи баҳсҳо ва ихтилофҳо шуд: бисёре аз шабакаҳои интернетӣ ва шахсиятҳои маъруф, сароянда, симо ва худи сурудро танқид карданд.
Манижа бо болопӯш ва рӯймоле, ки дар сараш баста буд, ба саҳна баромад.
Юлия Савичева: Манижа тамоми имкони пирӯз шудан дар Евровидение-2021-ро дорад
Тарона дар худ щам калимащои русь ва щам суханон ба забони англисиро дорад.
Матни таронаро Манижа соли 2020, зимни сафари ҳунарӣ ба Тел-Авив эҷод кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала