Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Намоҳанги Манижа барои Евровидение 2021 се миллион бинанда гирифт

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Намоҳанги Манижа Сангин тоҷикдухтари муқими Русия, ки дар Евровидение - 2021 аз ин кишвар намояндагӣ мекунад, аллакай се миллион тамошибин гирифт
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Намоҳанги овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин аллакай се миллион тамошобин пайдо кардааст. Суруди Манижа давоми чор рӯз дар шабакаи Youtube аз ҷониби се миллион нафар тамошо шудааст.
Илова бар, намоҳанги Манижаро ҳазорон нафар писанда, ҳамчунин зери он  корбар шарҳ гузоштаанд. Вале сафи нафароне, ки ин намоҳангро қабул надошта, ҳамзамон муқобили иштироки Манижа дар Евровидение - 2021 аз номи Русия низ кам нестанд.
Музыкант, актер, солист и лидер группы Несчастный случай Алексей Кортнев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ришу мӯйлаб монад": Кортнев гуфт Манижа бояд дар саҳна "чӣ гуна" бошад
Ҳоло Манижа танҳо як гурӯҳи попи Сербия Hurricane, ки иборат аз се духтар мебошад, ақиб мондааст. Намоҳанги ин гурӯҳ аллакай 3,6 миллион бинанда пайдо намудааст.
Рақами Манижа рӯзи 10 март соати 12:00 дар канали озмуни сурудҳо нашр шуд. Ба ҷои видеои анъанавӣ, ба мухлисони озмун ҳунарнамоии Манижа дар доираи интихоби миллӣ низ тақдим карда шуд.
Дар оғози видео Манижа дар тан ҷомаи гӯсфанд дорад ва сарашро бо рӯймоли кабуд бастааст. Каме баъдтар, сароянда ҷомаашро кашида, дар либоси сурх монд, ки дар қафои он навиштаҷоти Russian Woman - номи суруди ӯ навишта шудааст.
Ҳунарнамоии ӯ ҳайратангез ва ғайриоддӣ гашт, тамошобинонро ба тарафдорону зид ва онҳое, ки аз ин суруд дар шок афтоданд, тақсим кард.
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
Ёдовар мешавем, ки овозхонҳои тоҷик ба пирӯзии Манижа Сангин хушбин ҳастанд ва ҳунари ӯро басо воло ва ҷаззоб арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала