Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Супориши Аҳмадзода ба раҳбарияти шаҳри Истаравшан барои дастгирии футболбозон

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода, глава согдийской области
Раджаббой Ахмадзода, глава согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Раиси вилояти Суғд ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан ва шахсони масъул супориш дод, ки барои муҳайё намудани шароити мусоид ва дастгирии доимии дастаи "Истаравшан" чораандешӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода бо бозигарои дастаи "Истаравшан" -и шаҳри Истаравшан дидору мулоқот кард.
Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, Аҳмадзода, зимни мулоқот иброз дошт, ки футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, он дар ҷаҳони имрӯза ҳамчун қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифи кишварҳо шинохта шудааст.
Дар ин замина мақомоти вилояти Суғд низ барои рушди футбол дар вилоят тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст ва дар Лигаи олии кишвар аз вилояти Суғд се даста - "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан ва дастаи футболи "Эсхата" бозӣ мекунанд.
"Дар ин росто, раиси вилоят дар охир ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва шахсони масъул супориш дод, ки барои муҳайё намудани шароити мусоид ва дастгирии доимии даста тамоми чораҳои муассир андешида шаванд", - омадааст дар хабарнома.
Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи клубҳои футболи Тоҷикистон, Клуби футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истарвашан яке аз қадимтарин клуб ба шумор меравад.

Таърихи пайдоиши дастаи "Истаравшан"

Он соли 1938 бо номи "Спартак" (Ура-Тюбе) таъсис ёфтааст. Дар мавсими дебюти худ дастаи Спартак ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта буд.
Футбольный клуб Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?
Дастаи футболи шаҳри Истаравшан бори аввал соли 1950 дар Чемпионати мамлакат ширкат варзидааст.
Солҳои 1981-1984 клуби футбол бо номи "Трикотаж" амал карда, 4 сол пай дар пай ғолибиятро дар Чемпионати Тоҷикистон ба даст оварда, соли 1981 соҳиби Ҷоми ҷумҳурӣ гардидааст.
Санаи баргузории Қаҳрамонии Тоҷикистон - 2021 маълум шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дастаи футболи шаҳри Истаравшан соли 1992 яке аз аввалинҳо шуда, ба Лигаи Олии кишвар шомил гардид ва то имрӯз яке аз дастаҳои пурқувват ва номдор дар сатҳӣ ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала