Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Талаботи вуруд ба Ӯзбекистон тағйир ёфт

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксСамолет президента Республики Узбекистан
Самолет президента Республики Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Акнун барои ворид шудан ба кишвар санади манфии ташхиси коронавирус лозим намешавад, вале баъзе ҳуҷҷатҳо ҳамоно ҳатмӣ аст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Қоидаҳои вуруд ба Ӯзбекистон дигар мешаванд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба қарори Комиссияи вижаи ҳукуматии мубориза бар зидди коронавирус.
Очередь в аэропорту города Худжанда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Туркия талаботи вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро тағйир дод
Аз 15 март талабот барои супоридани ҳатмии ташхиси коронавирус дар вокзалҳо ва фурудгоҳҳо барои мусофироне, ки ба кишвар ворид мешаванд, бекор карда мешавад.
Барои ворид шудан ба Ӯзбекистон тавассути ҳавопаймо ё роҳи оҳан, бояд санади манфии коронавирус, ки на дертар аз 72 соат пеш аз сабти ном ба ҳавопаймо ё қатора дода мешавад, пешниҳод карда шавад.
Дар ояндаи наздик рӯйхати лабораторияҳое нашр карда мешаванд, ки натиҷаҳояшон дар Ӯзбекистон эътироф карда мешаванд.
Дар айни замон, вазъи ҳамагирии коронавирус дар Ӯзбекистон мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Камхарҷу сердаромад: Ӯзбекистон барои қатораҳояш дар роҳи оҳани Суғд хати барқӣ месозад
Дар маҷмӯъ, дар Ӯзбекистон 80.481 ҳодисаи сироят ошкор карда шуд, ки шумораи умумии шифоёфтагон аз 79 ҳазор нафар гузашт.
Дар кишвар 622 нафар аз коронавирус ҷон доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала