Владимир Путин президенти Русия интихоб шуд: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 14 марта
День 14 марта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Рӯзи 14 март Рӯзи ҷаҳонии амалиёти ҳимояи дарёҳо, об ва ҳаёт буда, дар Андора- Рӯзи Конститутсия ва дар Эстония – Рӯзи забони модарӣ мебошад

Рӯзи 14 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1839 зимни суханронӣ дар назди ҳамкорон Ҷон Гершел аввалин маротиба истилоҳи "фотография"-ро истифода бурд.
День 9 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Белорус истиқлолият ба даст овард: имрӯзи таърих
Соли 1891 санад дар бораи ҳуқуқи байналмилалии муаллифӣ тасдиқ гардид.
Соли 2004 Владимир Путин маротибаи дуввум президенти Русия интихоб шуд.
Соли 2011 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони  доимӣ ва ваколатдори давлатҳои узви иттиҳод дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Рӯзи 14 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1942 баистифодадиҳии марҳилаи аввали корхонаи нассоҷии Душанбе.
Соли 1955 оғози фаъолияти боғи Ботаникии Ленинобод.
Соли 2001 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи давлатии заминсозии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
День 8 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2021
Зодрӯзи Қоҳир Расулзода, Раҳмондӯсти Қурбониён ва Рӯзи Модарон: имрӯзи таърих
Соли 2013 хадамоти сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳифзи қитъаҳои мураккаби сарҳад протоколи муштарак ба имзо расониданд.
"Нерӯи сеюм"? шарҳи бештари вазири корҳои хориҷӣ аз баҳси марзӣ
Соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ба имзо расид.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Соли 2017 сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва имконоти ҷалби сайёҳон ва сармоягузорони араб брифинг доир намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 14 март

  • Дар Андора- Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Эстония – Рӯзи забони модарӣ.
  • Рӯзи ҷаҳонии амалиёти ҳимояи дарёҳо, об ва ҳаёт.

Рӯзи 14 март кӣ ба дунё омадааст

Абдусалом Деҳотӣ (1911 – 1962) – шоир, нависанда, драматург.
Александр Герр (1908 – 1967) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Зулхумор Иброҳимова (1952) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Маҳмадшо Илолов (1948) – доктори илмњои физикаю математика, профессор, академики АИ Тоҷикистон.
Музаффари Муҳаммадӣ (1961)- шоир, адабиётшинос, мутарҷим (аз арабӣ ба тоҷикӣ).
Ортиқ Қодиров (1956) – актёри театр, ровӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Екатерина Надеждина (1927) – доктори илми тиб, профессор.
Лилиан Налоева (1933) – коргардони ТВ, Ходими шоистаи Ҳунари Тоҷикистон.
Раҳмат Раҳимов (1938-2013)- доктори илми таърих, профессор.
Санъат Раҳматуллоев (1933)- сароянда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Нур Сафаров (1929)- арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Ҷамилаи Аҳмад (1963)- публисист.
Арбобмирзо Шамсиев (1960) – доктори илми кишоварзӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала