Роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ боз шуд, вале танҳо аз як тараф - навор

© Sputnik / Владимир Иванов / Гузаштан ба хазинаи аксРасчистка дороги от снежных завалов, архивное фото
Расчистка дороги от снежных завалов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Ахиран роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ аз барфу тарма пок шуд, вале бо вуҷуди хавфи фаромадани тарма он шояд дубора масдуд шавад
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Масири Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, ки бар асари фаромадани тарма масдуд шуда буд, дигарбора боз шуд.
Вале намояндагони ширкати IRS бо нашр намудани навор аз ҷараёни тоза кардани роҳ ба ронандагон ҳушдор медиҳанд, ки хавфи фаромадани тарма ҳамоно мавҷуд аст ва аз ин рӯ бидуни зарурат ба сафар набароянд.
Зимнан, намояндагони ин ширкат таъкид намудаанд, ки роҳ алъон танҳо аз як тараф, аз Хуҷанд самти пойтахт боз аст.
Қаблан, Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагон ва мусофирон расонда буд, ки бинобар боришоти барф ва фаромадани тарма дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда шудааст.
Барфу тарма роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" - ро баст
БДА низ аз ронандагон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш намуд, ки то бартараф намудани камбудиҳо дар ин роҳ аз сафар худдорӣ намоянд.
Ёдрас мешавем, ки бино ба ҳушдори ҳавошиносон рӯзҳои охир дар Тоҷикистон боришоти барфу борон, фаромадани меғ ва тарма пешбинӣ гардид.
Мутахассисон ҳамчунин, нобудшавии зироати кишоварзон ва гулу дарахтонро аз эҳтимол дур намедонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала