Дар Русия озмоиши ваксини "Спутник V" барои беморони саратон оғоз ёфт

© Министерство связи и информации Венесуэлы / Гузариш ба медиабонкВакцинация от российской вакцины "Спутник V"
Вакцинация от российской вакцины Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Обуна шудан
Таъкид мешавад, ки қабл аз эмгузаронӣ, шахсони гирифтори саратон ҳатман бояд бо табиби худ машварат кунанд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар Русия таҳқиқоти алоҳидаи ваксини "Спутник V" барои беморони гирифтори саратон оғоз ёфт, мегӯяд  директори Маркази ба номи Н.Ф. Гамалей, Александр Гунзбург.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ягон навъ бемории саратон мавҷуд нест, ки метавонад зидди эм гирифтан бо "Спутник V"  бошанд. Ба истиснои бемороне, ки химиотерапия мегиранд ва ё доруҳое, ки афхоиши ҳуҷайраҳоро пахш мекунад.
Бо вуҷуди ин, ҳатто дар ин ҳолат, ба гуфтаи Гунзбург, ваксина ҳеҷ кори бад нахоҳад кард, гарчанде ки самараи дилхоҳи эмкунӣ ҳам ба даст намеояд.
Вакцина Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Times: Олмон ваксинаи "Спутник V"-и Русияро эътироф кард
Тибқи пешбинии ӯ, то моҳи ноябри соли равон 70 фисади аҳолии Русия эм карда мешаванд.
Қаблан гуфта шуда буд, беморон, ки ташхиси нави саратон доранд, бояд нисбати эмгузаронӣ эҳтиёткор бошанд, зеро ҳоло дар бораи таъсири ваксина ба организми инсон, иттилоот пурра рӯи даст нест.
Вазорати тандурустии Федератсияи Русия тавзеҳ дода буд, ки ваксини алайҳи коронавирус барои онҳое, ки тоза гирифтори маризии саратон шудааанд ва ё нафароне, ки аллакай химиотерапия мегиранд, чандон лозим нест.
Ёдовар мешавем, ваксини "Спутник V", ки онро Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Гамалея таҳия кардааст, аввалин ваксин алайҳи коронавирус дар ҷаҳон мебошад. Ваксини мазкур аллакай аз ҷониби даҳҳо кишвар тасдиқ шуд ва айни замон он дар Иттиҳоди Аврупо аз ташхис гузашта истодааст.
Марди олмонӣ ба хотири "Спутника V" ба Русия омад ва зиндагии Маскав ӯро ба ҳайрат овард
Илова бар ин, "Спутник Лайт" амалан барои истифода омода аст ва ин намунаи сабуки "Спутник V" мебошад. Тазриқ бо ин ваксин танҳо як маротиба гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0