Варзишгарони тоҷик ба Маскав меоянд: соли пеш аз ин мусобиқа 5 медал оварданд, имсол чӣ?

© Международная федерация дзюдоТаджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления
Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Обуна шудан
Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо соли гузашта бинобар авҷи маризии коронавирус каме дертар баргузор шуд, вале бо вуҷуди ин ҳам варзишгарони тоҷик тавонистанд 5 медали бириҷиро азхуд кунанд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар шаҳри Маскав Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад, менависад Федератсияи самбои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа рӯзҳои 25 - 26 марти соли ҷорӣ доир мешавад ва дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон ширкат меварзад.
Мужчина читает книгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Сесад донишҷӯи як донишкада узви тимҳои мунтахаби Тоҷикистон мебошанд
Гуфта мешавад, Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба хотири асосгузори самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев гузаронида мешавад ва он ҳамчун қаҳрамонии ҷаҳонии ғайрирасмӣ дониста мешавад.
Манбаъ меафзояд, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла варзишгароне чун Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс юарои иштирок дар мусобиқа ба шаҳри Маскав сафарбар мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бинобар авҷи маризии коронавирус, Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо охири сол баргузор гардид. Он замон варзишгарони тоҷик ба гирифтани 5 медали биринҷӣ муваффақ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0