Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Аспу говҳои Сироҷиддин мурду аҳолӣ бебарқ монд: хисороти боришоти ахир дар Тоҷикобод

© Фото : PixabayТелефонный столб с проводами.
Телефонный столб с проводами. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, боришоти рузҳои ахир дар баробари роҳбандиҳо, зарар ба сокинон низ дошт
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, санаи 13 марти соли ҷорӣ тахминан соати 20:40 дақиқа бар асари боришоти борони пайдарпай ва вазидани шамоли сахт дар деҳаи Кӯли Мирзангии ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ оғилхонаи шаҳрванд Каримдодов Сироҷиддин хароб гардидааст.
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Барфу туман: обуҳавои имрӯз дар Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин 5 сар гов ва як аспи соҳиби хона ҳалок шудааст.
Манбаъ мегӯяд, инчунин, ошхонаи як сокини дигари ин деҳа қисман хароб гардида, хатҳои интиқоли қувваи барқ дар русто аз ҳам гусастаанд.
"6 адад симчӯби интиқоли қувваи барқ валангор шудааст. Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада, кормандони хадамоти барқи ноҳия ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ба ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ сафарбар шудааст, то ҳаҷми зарари ба сокинон расидаро муайян кунанд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар минтақаҳои хавфноки ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод навбатдории шабонарӯзӣ бо ширкати наҷотдиҳандагони КҲФ ва дигар ниҳодҳо фаъолият дорад, гуфтааст Кумита.
Ин ниҳод ҳамчунин ҳушдор додааст, ки дар пайи номусоидии боду ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии кишвар хатари тармафароӣ боқӣ мемонад. 
Роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо барои нақлиёти сабукрав боз шуд: КҲФ мегӯяд, хатар боқист
"Аз ин лиҳоз, КҲФ такрор ба такрор ба аҳолӣ муроҷиат кард, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, аз ҷамъоварии ҳезум ва зироатҳо дар манотиқи доманакӯҳ ва кӯҳистон, чаронидан ва шикор худдорӣ кунанд", - афзудааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала