Барфу туман: обуҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар аст.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи шарқии вилоят барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва  рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона  0-5  дараҷа хунук  мешавад.
Расчистка дороги от снежных завалов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ боз шуд, вале танҳо аз як тараф - навор
Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа унук  ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9  дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо асосан бебориш мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши суст борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. 
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона  3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво шабона  3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0