Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Дар Тоҷикистон қурби асъори хориҷӣ дар баробари пули миллӣ коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 15 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1525 сомонӣ нишон дода шудааст.
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Пешгӯии босуръати болоравии доллар дар ҷаҳон
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3085 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.4888 то 13.7200 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Харидуфурӯши 1 рубл бошад, ба иттилои Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар бо арзиши аз 0.1525 то 0.1565 сомонӣ сурат мегирад.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1535 - 0,1565 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1480 то 0.1565 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1530 то 0,1570 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллӣ қурби ҳаррӯзаи асъори хориҷиро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ муайян мекунад.
Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад
Ин ниҳод инчунин ҳушдор медиҳад, ки ҳама гуна амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, банкоматҳо ва терминалҳои кишвар манъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала