Дастури Рустами Эмомалӣ барои даъвати беҳтарин паҳлавонону човандозон ба пойтахт

© Sputnik / Амир ИсаевСкачки в Душанбе
Скачки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, барои пойга ва куштии наврӯзӣ беш аз 185 ҳазор сомонӣ ва ё наздики 18 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кардааст
ДУШАНБЕ, 15 мар— Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди гуштии миллӣ (гӯштингири) ва мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ дар назар аст.
Суманак на площади Сомони в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Наврӯз - 2021 дар Душанбе бо суманаки баландтарин ва дастархони бузург таҷлил мешавад
Фармони дахлдорро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расонид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт.
Мусобиқаи гуштии миллӣ “гӯштингири” рӯзҳои 20-21 март ва мусобиқаи кушоди пойгаи аспӣ барои Ҷоми Пойтахт 24 марти соли ҷорӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳудуди муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" -и Душанбе баргузор мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ ба Сарраёсати молияи пойтахт супориш дода шуд, ки барои гузаронидани ин мусобиқаҳо аз фонди рушди шаҳр 185 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.
Муовини шаҳрдор Мавсуна Муинӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши, Вазорати кишоварзии, Федератсияи миллии "Гӯштингирӣ", Федератсияи "Пойга ва бузкашӣ" муваззаф шудаанд, ки барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарон, паҳлавонону аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Лентаи хабарҳо
0