Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Хокрезиш дар Макка ва Пекин: ба Тоҷикистон мерасад?

© AP / Mark SchiefelbeinПесчаная буря в Китае
Песчаная буря в Китае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Тӯфони хок аз ду ҷониб ба Тоҷикистон наздик мешавад: аз Чин ва аз Арабистони Саудӣ
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Тӯфони шадиди хок кишварҳои Осиё ва Халиҷи Форсро фаро гирифт.
Шаҳрҳои Арарбистони Саудӣ, Баҳрайн, Қувайт, Қатар ва Ироқро хок рӯйпӯш кардааст. Дар як қатор кишварҳо бино бар шароити бади ҳаво тамоми намуди парвозҳо, ҳатто хатсайрҳои низомӣ, лағв шудаанд.
Роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо барои нақлиёти сабукрав боз шуд: КҲФ мегӯяд, хатар боқист
Тӯфонро ҳамчунин шамоли сахт "ҳамроҳӣ" мекард. Ҳаво дар ин минтақаҳо якбора тағйир ёфт: аввал сокинон аз гармӣ сипас аз сардӣ азият кашиданд.
Ба Пекин тӯфони хок аз Муғулистон расидааст: осмон норинҷӣ шудаву наметавон чизеро дид. Дар шаҳр калонтарин анбӯҳи мошинҳо ба вуҷуд омадаву парвозҳо ҳамчунин лағв гардидаанд.
Дар Муғулистон бино бар офати тибиӣ шаш кас ҳалок шудаву 81 тан беному нишон гум шудаанд.
Дар тамоми кишварҳое, ки онҳоро хокрезиш фаро гирифтааст, мақомот аз сокинон хоҳиш кардаанд, ки аз хона набароянд.
Дар Тоҷикистон низ метавон тӯфони хокро интизор шуд? Ба ҳар ҳол он аз тарафи Чин намеояд, қайд кард Ҷамила Байдуллоева, роҳбари агентии ҳавошиносии кишвар дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷиикистон.  
"Дар Тоҷикистон гоҳ-гоҳ хокрезиш мешавад, аслан ин гуна падидаҳо аз нимҷазираи Арабистон - Эрон, Ироқ ворид мешавад ва онҳоро селаи ғарбӣ ва ҷанубиву ғарбӣ меоранд", - тавзеҳ дод коршинос.
Бино бар иттилои Маркази обуҳавошиносӣ, рӯзҳои наздик хокрезиш дар кишвар пешбинӣ намешавад, зеро як ду рӯзи дигар Тоҷикистон зери таъсири сиклони сибирӣ хоҳад буд. 
Ҳатто агар ҷараёни шамол аз Арабистони Саудӣ ва то Осиёи Марказӣ расад, хело суст хоҳад буд, таъкид кард вай.
"Дар Тоҷикистон ва шимоли Афғонистон боришот ба амал омад, аз ин рӯ, шамоли тундбод дар назар нест ва тӯфони ғуборӣ ба Тоҷикистон намерасад", - гуфт Ҷамила Байдуллоева.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала