Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо барои нақлиёти сабукрав боз шуд: КҲФ мегӯяд, хатар боқист

© Sputnik Амир ИсаевДорога Душанбе - Худжанд, архивное фото
Дорога Душанбе - Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд пас аз тармафароиву муваққатан басташавӣ дигарбора боз шуд, аммо на барои ҳама воситаҳои нақлиёт
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Аз намояндагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир роҳ ба ҳарду самт боз аст, аммо танҳо барои нақлиёти сабукрав.
Лавина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Ҳалокати се нафар зери тарма дар ноҳияи Айнӣ ва ҳушдори КҲФ
"Шаби гузашта роҳ аз ду самт кушода шуд, аммо танҳо барои нақлиёти сабукрав. Барои нақлиёти боркаши калонҳаҷм ва ядакдор ҳоло манъ аст, зеро тозакунӣ ва васеъкунии роҳ аз тарма идома дорад".
Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи Тоҷикистон низ хабар дод, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ, Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳи IRS техникаи махсус ҷудо карданд ва роҳҳо тоза карда шуданд.
"Ҳама воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сабаби тағйирёбии обу ҳаво, бинобар боришоти шадид ва ҳолатҳои фавқулодда, ба шакли мукаммали хидматрасонӣ гузаштанд. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзӣ дар хатсайрҳои асосии кӯҳии кишвар - Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Ванҷро идома медиҳанд", - афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳамзамон рӯзи гузашта дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ишкошими ВМКБ тармафароӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе муваққатан баста буд.
КҲФ мегӯяд, аз сабаби боришот ва баланд шудани заминаи ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ, инчунин хавфи фаромадани тарма, сангрезӣ ва сел вуҷуд дорад. Ҳамчунин яхбандӣ дар ағбаҳо ва қитъаҳои кӯҳии роҳҳо боқӣ мемонад ва эҳтимоли фаромадани туман дар водиҳо ва доманакӯҳҳо дар назар аст.
"Аз ин лиҳоз, КҲФ такрор ба такрор ба аҳолӣ муроҷиат кард, ки аз сафар ба минтақаҳои хатари тармафароӣ, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳо дар манотиқи доманакӯҳ ва кӯҳистон, чаронидан ва шикор худдорӣ кунанд",-афзудааст манбаъ.
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, Кумита қатъиян тавсия медиҳад, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ чораҳои бехатариро риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала