Роман Скляр, муовини сарвазири Қазоқистон ба Душанбе меояд

© пресс-служба министерства энергетики РКВице-премьер РК Роман Скляр
Вице-премьер  РК Роман Скляр   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Обуна шудан
Ноиби сарвазири Қазоқистон, Роман Скляр барои баррасии муносиботи дуҷониба ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ санаи 17 март дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, ки дар он  масъалаҳои мубрами марбут ба тақвияти ҳамкории  иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду давлат матраҳ мегарданд.
Склад с товарами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Аз раводиди ягона то таъсиси марказҳои тақсими маҳсулот: мулоқоти Ибодзода дар Қазоқистон
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст ҳайати Қазоқистон барои ширкат дар ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири он кишвар Роман Скляр ба Душанбе оянд.
Инчунин интизор меравад, ки пагоҳ дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардад, ки дар он масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат баррасӣ мешаванд.
Баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки 14 март байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баъд аз як соли  таваққуф дар иртибот ба бемории COVID-19 ва эълон гардидани пандемия парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар масири Душанбе - Алмаато аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон "Air Astana" ба роҳ монда шуданд.
Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Қазоқистон эълон шуд
Ҳамзамон 17 март ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Алмаато ба парвозҳои мунтазами ҳавоӣ шурӯъ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0