Тарма, ки роҳи "Душанбе - Хоруғ" - ро баст, тоза шуд

© Sputnik Владимир ИвановРасчистка дороги от снежных завалов, архивное фото
Расчистка дороги от снежных завалов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Тармаи азим, ки дар роҳи деҳаи Пастхуфи ВМКБ бегоҳи рӯзи гузашта фаромад ва ҳаракати нақлиётро баст, имрӯз тоза карда шуд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар километри 550 - уми роҳи Душанбе - Кӯлоб- Хоруғ бегоҳи рӯзи 14 март тарма фаромада, ҳаракати нақлиётро дар ин масир маҳдуд кард, хабар медиҳад Раёсати КҲФ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Ба иттилои манбаъ, тарма дар деҳаи Пастхуф тақрибан соати 17:50 дақиқа фаромад ва субҳи имрӯз ин роҳи мошингарди байналмилалӣ аз барф тоза шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2021
Дар Бадахшон 16 тарма фаромадаст: масири Хоруғ - Ишкошим масдуд аст
Илова бар ин, РКҲФ аз фаромадани ду тармаи дигар дар вилояти мазкур хабар медиҳад. Яке, соати 11:20 дақиқа дар километри 36 - уми мавзеи Хамвои деҳаи Хиҷиз фаромад, ки дар натиҷа роҳи самти Рӯшон - Бартанг муваққатан маҳкам гардид.
Ин масир бегоҳи ҳамон рӯз аз барф тоза ва роҳ дигарбора барои ҳаракати нақлиёт кушода шуд.
Ҳамчунин аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ки дар километри 46-уми мавзеи Систи ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим дар натиҷаи лағзиши тарма роҳи мошингарди байналмиллалии самти Хоруғ-Ишкошим муваққатан маҳкам гардид.
Барои тоза намудани роҳи мазкур 1 адад техника сафарбар карда шуд ва бегоҳи рӯзи 14 март роҳ комилан аз тарма пок шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала