Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ташиев гуфт, ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ имкон аст хонаҳои баъзе қирғизҳо тахриб шавад

© пресс-служба ГКНБ lГлава ГКНБ Кыргызстана Камчыбек Ташиев
Глава ГКНБ Кыргызстана  Камчыбек Ташиев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо сокинони минтақаҳои наздимарзӣ мулоқот кард. Минбаъд гуфтушунидҳо дар Хуҷанд бо роҳбарияти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Камчибек Ташиев гуфт, тахриби баъзе хонаҳо ва кӯчонидани шаҳрвандони Қирғизистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ имконпазир аст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Сардори КДАМ-и Қирғизистон ба Тоҷикистон омад: Ятимов бо Ташиев мулоқот мекунад
Ба иттилои манбаъ, мақомдори баландпояи амниятӣ ин нуктаро дар мулоқот бо сокинони деҳаи марзии Самарқандак гуфтааст.
"Ҳангоми муайян кардани марзҳо хат метавонад дар маркази як деҳа ё қад-қади он гузарад. Ҳамин тариқ, 5-10 хона ё боғи касеро "буридан" мумкин аст. Шаҳрвандон бояд инро бо фаҳмиш ва бидуни хашм қабул кунанд. Барои ҳифзи якпорчагии давлат ва муайян кардани марзҳо, сокинони маҳаллӣ бояд ба корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва барои кӯчидан розӣ шаванд ", - гуфт Ташиев.
Вай инчунин итминон дод, ки агар хонаҳо тахриб карда шаванд, давлат мардумро бесарпаноҳ намегузорад ва ба онҳо манзил медиҳад.
Дар назар аст, роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда, дар он ҷо бо ҳамтои тоҷикаш, Саймумин Ятимов мулоқот кунад.
Муайян карда шудааст, ки аз 15 то 18 март дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссияҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба масъалаҳои марзӣ баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала