Исроил парвозҳои мустақимро ба тамоми самтҳои ҷаҳон ба роҳ монд

© AP / Ariel SchalitВзлет самолета в аэропорту Израиля
Взлет самолета в аэропорту Израиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Як кишвари дигар вобаста ба беҳтар шудани ҳолати эпидемиологӣ тасмим гирифт, ки дар ҳама самтҳо иртиботи байналмилалиро боз кунад
ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Исроил гуфтааст, ки маҳдудиятҳо дар самтҳои интиқоли ҳавоии мусофирон дар Исроил аз 16 март бекор карда мешаванд.
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Иҷозати “Росавиатсия” барои парвозҳо ба 4 шаҳри Тоҷикистон: рӯйхати хатсайрҳо
"Ҳоло парвозҳо ба Исроил аз ҳар самт анҷом дода мешаванд. Шумораи парвозҳои воридшаванда тибқи квотаи 3000 нафар дар як рӯз маҳдуд хоҳад шуд", - омадааст дар изҳорот.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Бен Гурион санҷишҳои сареъ барои коронавирус гузаронида мешаванд ва ҳамаи чораҳои санитарӣ ҳангоми расидан ба кишвар андешида мешаванд.
Қайд карда мешавад, ки Вазорати тандурустии Исроил ҳуқуқи лағви ҳар парвозеро, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ хатар дошта бошад, нигоҳ медорад.
Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Қазоқистон эълон шуд
Ёдовар мешавем, Исроил аз аввалин кишварҳост, ки марзҳояро пурра барои хоҳишмандони вуруд, пас аз маҳдудиятҳои яксола боз кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала