Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Вакилони парлумон ба дидори мардум рафтанд: паёмро шарҳ медиҳанду мушкилашонро мешунаванд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЖители Таджикистана на встрече с Эмомали Рахмоном
Жители Таджикистана на встрече с Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 15 март, вохӯрӣ бо интихобкунандагонашонро оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Муҳаммадато Султон, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вакилон барои мулоқот бо интихобкунандагон ба минтақаҳо рафтанд.
Главы государств Центральной Азии высадили саженцы деревьев на Аллее почетных гостей в резиденции Куксарой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2020
Дастури Президент: вакилон тӯли панҷ сол 20 дарахт мешинонад
Ба иттилои манбаъ, сафари кории вакилон ба вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ВМКБ ва минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ аз имрӯз оғоз ёфта, то 25 март идома хоҳад ёфт.
Ҳангоми қарор доштани вакилон дар минтақаҳо онҳо тасмим доранд паёми навбатии президентро шарҳ диҳанд ва аз назари интихобкунандагон доир ба ҷараёни қонунофарӣ огаҳӣ ёфта, бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкилоти аҳолӣ аз наздик шинос шаванд.
Бояд гуфт, ки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ паёми худро ба парлумон ироа кард.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода низ аз вакилон дархост намудааст, ки ба вохӯриҳо бо интихобкунандагон ҷиддӣ омодагӣ гирифта, ба мушкилоти онҳо гӯш андозанд ва ҳамаи бандҳои паёми президентро возеҳу равшан ба онҳо шарҳ диҳанд.
Ин сафар дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон гилаҳо аз камфаъолиятии вакилон ва шинохта набуданашон дар миёни мардум зиёд садо медиҳанд.
Ёдовар мешавем, вакилон аввали сол низ барои мулоқот бо аҳолӣ рафта буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала