Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҳуҷуми тӯфони шадиди рег ба пойтахти Чин - видео

Пекин рӯзи душанбе дар маркази тӯфони шадид қарор гирифт. Дар шаҳр хатари ранги зард эълон шуд. Тӯфони рег ба мушкилот дар роҳҳо оварда расонд, ҳавои шаҳр хеле олуда аст
Дар роҳҳои Пекин таҷаммӯи мошинҳо ба вуҷуд омад. Худравҳо бо чароғҳои рӯшноидиҳанда ҳаракат мекунанд ва мақомот аз сокинон хостаанд, ки бидуни зарурат хонаҳои худро тарк накунанд ва эҳтиёт бошанд.
Сильнейшая песчаная буря накрыла страны Персидского залива – видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Тӯфони бузурги рег кишварҳои халиҷи Форсро фаро гирифт - навор
Ҳамагуна чорабиниҳое, ки дар кӯчаҳо ба нақша гирифта шуда буданд, лағв карда шуданд.
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, тӯфони рег то субҳи 16 март идома ёфта, ба дигар минтақаҳои Чин таъсир хоҳад кард.
Расонаҳо менависанд, ки тӯфон дар даҳсолаи охир шадидтарин аст.
Тӯфони рег дар Пекин рухдоди ғайриоддӣ нест. Ин тӯфон аз биёбонҳои Вилояти Мухтори Муғулистони Дохилӣ омадааст, ки дар он ҷо як рӯз пеш бар асари тӯфони рег беш аз 80 нафар бенишон шуданд ва мушкилот дар интиқоли барқ ​​низ вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала