Гурӯҳи дӯстии Парлумони Тоҷикистон ва Эрон ҷаласа доир кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Обуна шудан
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҷойгоҳ ва саҳми боризи худро дорад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҷаласаи Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Коронавирус гунаҳгор: соли гузашта тиҷорати Тоҷикистону Эрон 10,3 дарсад коҳиш ёфт
Ҷаласа имрӯз доир гардидааст. Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гузориш медиҳад, дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раиси гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода баромад намуд.
Ӯ дуруд ва паёми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзодаро ба Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон, ҷаноби оқои Муҳаммад Боқири Қолибоф ва ҳамтоёнаш расонид.
"Дар мулоқот зикр карда шуд, ки робитаҳои байнипорлумонии Тоҷикис­тон ва Эрон дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба барқарор шудаанд", - меафзояд манбаъ.

Гурӯҳи дӯстӣ, яъне?

Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии ҶИЭ "Гурӯҳи дӯстӣ"-и байнипорлумонӣ амал менамояд.
Қаблан сафари аъзои гурӯҳҳои дӯстии байнипорлумонии ҳарду кишвар ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷабҳаи парламентҳо, боздиди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин дидору мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳои ҳарду ҷониб анҷом гирифтаанд.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон бо дабири кулли Созмони Ҳамкории иқтисодӣ
Зимни сафари ҳайати 4-нафараи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон ҷиҳати иштирок дар 13-умин Конференсияи Ассамблеяи парламент­ҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ мулоқоти ҳайати тоҷикистонӣ бо Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон  А. Лориҷонӣ (16-17 январи соли 2018) баргузор шуда буд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҷойгоҳ ва саҳми боризи худро дорад.
Лентаи хабарҳо
0